Сураи Ҳаҷ Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 16

وَكَذَٰلِكَ أَنْزَلْنَاهُ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ وَأَنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يُرِيدُ ١٦

Ва казалика анзалнаҳу айатин баййинати-в ва анналлоҳа яҳдӣ ма-н юрӣд. 16.

16. Ва ҳамчунин Қуръонро бо оёти равшан фурӯ фиристодем. Ва (бидонед, ки) Худо ҳар киро хоҳад, роҳ менамояд.

Дар ин оят Худованд фармудааст, ки ҳамчунин Мо ин Қуръонро нозил кардем, дар он ҷуз қудрат ва иродаи Мо касе дахл надорад. Дар он ҳикматҳои пурмазмун, мисолҳо ва ҳуҷҷатҳои раднопазир инчунин барои таъини ҳақ далелҳои равшан вуҷуд дорад. Ҳидояткунанда Худост, омодагии пазириши ҳақ лозим аст, Худо касеро, ки бихоҳад, дар роҳи Худ ҳидоят мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)