Сураи Ҳаҷ Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 19

۞ هَٰذَانِ خَصْمَانِ اخْتَصَمُوا فِي رَبِّهِمْ ۖ فَالَّذِينَ كَفَرُوا قُطِّعَتْ لَهُمْ ثِيَابٌ مِنْ نَارٍ يُصَبُّ مِنْ فَوْقِ رُءُوسِهِمُ الْحَمِيمُ ١٩

۞ Ҳазани хасманихтасаму фӣ Раббиҳим. Фа-л лазӣна кафару қуттиъат лаҳум сийабу-м мин-н нари-н юсаббу мин фавқи руусиҳиму-л-ҳамӣм. 19.

19. Ин ду гурӯҳ (муъмин ва ғайри муъмин) душманони якдигаранд, дар шаъни Парвардигори хеш ба хусумат пардохтанд. Пас, касоне, ки кофир шуданд, барои онҳо аз оташ ҷомаҳое бурида шуд, аз болои сарашон мойеъ (об)-и сӯзон рехта шавад,

Дар ҳадисҳои Бухорӣ ва Муслим собит шудааст, ки ояти мазкур дар ҳаққи ду гурӯҳ муборизони майдони Бадр: аз тарафи муъминон ҳазрати Алӣ, (к) Ҳамза (р) ва Абӯ Убайда (р) ва аз гурӯҳи кофирон Утба ибни Рабеъа, писараш Валид ва бародараш Шийба нозил шудааст. Вале ҳукми оят ба таври умум махсуси ҳар замон аст.

Хулоса, чи дар асри аввал ва чи дар асрҳои баъдӣ, гурӯҳи муъминон бо гурӯҳи кофирон, ҳамеша душманони якдигаранд. Аксари муъминон ба амрҳои Парвардигор таслиманд, дар муқобили ҳукмҳои Ӯ таъоло сари бандагӣ фуруд меоранд ва ҳамеша нусрату пирӯзии дини Худоро мехоҳанд.

Кофирон дар талошанд, то ҳидояти Раббониро қабул накунанд, ба итоъати Ӯ таъоло сар фуруд наоранд ва нури Худоро хомӯш кунанд.

Ҳар ду гурӯҳ дар ақида (дини Худо, зоти Худо, сифатҳои Худо, шариъати барои бандагон муқарраркардаи Худо в.ғ.), мунозира ва ихтилоф доранд ва натиҷаи амали худро дар қиёмат мегиранд. Барои касоне, ки куфр варзиданд, ҷомаҳое аз оташи Дӯзах ба унвони либоси муносиби ҳолашон буридаву омода шудааст. Илова бар он болои сарашон мойеъ (об)-и ҷӯшоне рехта мешавад, ки ба василаи он алангаи оташи Ҷаҳаннам баландтар ва бисёртар тасфонида мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)