Тафсири Сураи Хач Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 20
يُصْهَرُ بِهِ مَا فِي بُطُونِهِمْ وَالْجُلُودُ ٢٠
Юсҳару биҳӣ ма фӣ бутуниҳим ва-л-ҷулуд. 20.
20. Ки бо он ҳар чӣ дар шиками онҳо бошад, гудохта гардад ва пӯстҳояшон низ.
Ояти мазкур идомаи маънои ояти қаблӣ буда, Худованд хабар додааст, ки ҳангоме ки аз сарашон оби ҷӯши дар оташи Дӯзах тасфонидашуда рехта мешавад, аз таъсири ҳарораташ он чи дар шикамҳои онҳост, (рӯдаҳо, меъда, ҷигар, бофтаҳо в.ғ.) гудохта мешаванд. Инчунин пӯстҳояшон низ гудохта мешаванд. Онгоҳ боз ба ҳолати аввали худ баргардонида шуда, азоби онҳо аз нав шурӯъ мегардад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «