Тафсири Сураи Хач Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 27
وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ ٢٧
Ва аззин фи-н-наси би-л-ҳаҷҷи яътука риҷала-в ва ъала кулли Замири-н яътӣна мин кулли фаҷҷин ъамӣқ. 27.
27. Ва (гуфтем) «дар миёни мардум овоз деҳ, то пеши ту пиёда ва савора бар ҳар уштури лоғар (бошанд ҳам) ба ҳаҷ биёянд ва (бигзор) ин уштурон аз ҳар роҳи дур биёянд,
Муфассирон дар эзоҳи ин оят гуфтаанд, ки чун Иброҳим (а) аз сохтмони Каъба фориғ шуд, аз тарафи Худованд амри мазкур нозил гардид. Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: «Баъд аз ин ки Иброҳим (а) сохтмони хонаи Каъбаро тамом кард, ба Ӯ гуфта шуд: «Мардумро ба сӯи ҳаҷ фаро хон. Агарчи пиёда меоянд ва ё савора бигзор савориҳо (маркабҳо)-яшон лоғар бошанд ҳам, қасди хонаи Каъба кунанд». Гуфт: «Худоё! Садоям намерасад». Фармуд: «Ту садо кун, Ман садои туро ба мардум мерасонам». Онгоҳ Иброҳим болои кӯҳи Абӯқубайс баромад ва бо садои баланд фарёд заду гуфт: «Эй мардум! Худо дастури анҷоми маросими ҳаҷ ва зиёрати ин хонаро ба шумо дод, то дар подоши он Биҳиштро ба шумо ато фармояд ва шуморо аз оташи Дӯзах паноҳ бидиҳад! Бинобар ин, ба Ҳаҷ (зиёрати Каъба) биёед!…»
Дар ривоятҳо омадааст, ки Худованди таъоло садои Иброҳим (а)-ро ба тамоми ҷаҳон, на танҳо ба мардуми зиндаи он замон, балки ба сурати муъҷиза ба мардуме, ки то қиёмат насл баъди насл меоянд, низ расонид. Ҳар касе, ки ҳаҷ дар қисмати ӯ навишта шуд, дар посух ба ин нидо «Лаббайка Алоҳумма лаббайк» гуфт, яъне «Бор Худоё ба фармон Ту ҳозирем. Ба фармон Ту ҳозирем!».
Бо ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос (р) асоси талбияи ҳаҷ, ки то ҳол зоирони Каъба мегӯянд, посух ба ин нидои Иброҳим (а) аст.
Дар идомаи ояти таҳти назар омадааст, ки мардум баъзе пиёда ва баъзе савора аз гӯша ва канори ҷаҳон ба сӯи хонаи Каъба, агарчи роҳ дур ва савориҳояшон лоғар бошад ҳам, меоянд. Аз он замон то имрӯз чандин ҳазор сол гузашта бошад ҳам, кайфияти зоирони Байтуллоҳ ба ин гуна идома дорад. Пайғамбарони баъди Иброҳим (а) ва умматҳояшон низ ба он пойбанд будаанд. Ҳатто баъд аз Исо (а), бо вуҷуди ин ки арабҳо бутпараст буданд, аммо ба аркони ҳаҷ пойбанд буданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «