Сураи Ҳаҷ Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 28

لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَعْلُومَاتٍ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ ۖ فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ ٢٨

Ли яшҳаду манафиъа лаҳум ва язкурусмаллоҳи фи аййами-м маълуматин ъала ма разақаҳум-м мин баҳӣмати-л-анъам. Фа кулу минҳа ва атъиму-л баиса-л-фақӣр. 28.

28. То назди фоидаҳои хеш ҳозир шаванд ва номи Худоро дар чанд рӯзи донисташуда ва (баъд аз он) бар забҳи он чӣ Худованд онҳоро рӯзӣ додааст, ёд кунанд. Пас, аз он бихӯред ва дарвеши дармондаро бихӯронед!

Ояти мазкур ба манфиъатҳои бешумори динии адои ҳаҷ ишора намуда бошад ҳам, аммо дар он манфиатҳои дунявӣ низ мушоҳида мегардад. Назди Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мурод аз манфиатҳое, ки дар ин оят зикр шудааст, ҳам манфиатҳои дунё ва ҳам манфиъатҳои охират аст. Муҷоҳид (муфассир) дар шарҳи ин оят ба зоирон дар маросими ҳаҷ тиҷорат (яке аз манфиатҳои дунё)-ро иҷозат додааст.

Худованд дар қисми аввали ин оят фармудааст, ки зоирон (аз адои ҳаҷ ва умра) манфиъатҳои динӣ ва дунявиро ба даст меоваранд, зеро адои Ҳаҷ ба манфиъати онҳост. Дар ривоятҳо омадааст, ки сарфи мол дар ҳаҷ ва умра фақр ва бенавоиро бартараф мекунад. Дар ҳадиси ривояткардаи Абӯ Ҳурайра (р) омадаст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Ҳар касе, ки барои Худо (холисона) ҳаҷ кунад ва дар он аз рафс (фаҳшо) ва аз корҳои фисқ яксӯ шавад, ӯ аз ҳаҷ чунон бармегардад, ки гӯё аз шиками модар нав таваллуд шуда аст».

Худованд дар давоми ояти мазкур фармудааст, ки (ҳоҷиён) номи Аллоҳро ёд кунанд. Мурод аз «чанд рӯзи маълум» назди баъзе аз муфассирон се рӯзе, ки дар он қурбонӣ (даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моҳи «Зулҳиҷҷа») ҷоиз аст, донистаанд. Аммо назди баъзе аз муфассирон даҳаи аввали «Зулҳиҷҷа» дар назар аст. Ба ҳар ҳол барои зикри Аллоҳ дар ин рӯзҳо фазилати зиёде мавҷуд аст.

Дар муқобили неъматҳои бешуморе ки Худованд, ба ҳоҷиён ато карда аст, бояд зоирон дар мавқеъи забҳи қурбонӣ барои изҳори сипос ва ситоиш «Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар» гӯён номи Худоро ба ёд оранд. То ҳангоми забҳ мухолифат бо мушрикон шавад. Зеро онҳо забҳро бо зикри номи бутҳо анҷом медоданд.

Дар қисми охири ояти мазкур Худованд фармудааст, ки аз гӯшти қурбонӣ бихӯред ва аз он ба фақирону муҳтоҷон бидиҳед, ки бенавоӣ аз симо ва либосҳояш намоён аст.

Аммо аз гӯшти ҳайвонҳое, ки дар ивази ҷиноятҳо забҳ мегарданд, барои шахси ҷиноятро содиркарда ва барои сарватмандон хӯрдан ҷоиз нест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)