Сураи Ҳаҷ Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 41

الَّذِينَ إِنْ مَكَّنَّاهُمْ فِي الْأَرْضِ أَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ وَأَمَرُوا بِالْمَعْرُوفِ وَنَهَوْا عَنِ الْمُنْكَرِ ۗ وَلِلَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ ٤١

Ал-лазӣна им макканнаҳум фи-л-арЗи ақому-с-салата ва атаву-з-заката ва амару би-л-маъруфи ва наҳав ъани-л-мункар. Ва лиллаҳи ъақибату-л-умур. 41.

41. Касоне, ки агар онҳоро дар Замин дастрасӣ диҳем, (чун саҳобагон) намозро барпо медоранд ва закотро медиҳанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз кори нописандида манъ кунанд (Худованд нусрат медиҳад). Худорост ниҳояти ҳама корҳо.

Дар бораи сабаби нузул (нозилшавӣ)-и ояти мазкур аз ҳазрати Усмон (р) ривоят шуда аст, ки эшон гуфтанд: Ин оят дар бораи мо саҳобагони Расули Худо нозил шуд. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки зери мафҳуми калимаи «ал-лазӣна» яъне «онҳо», муҳоҷирону ансору тобеин ва пайравони онҳо дар назар аст.

Муфассирон гуфтаанд: “Оятҳои 39,40-уми ҳамин сура ва ояти мазкур пас аз ҳиҷрати Расулаллоҳ (с) ба Мадина, дар замоне нозил шуданд, ки ҳанӯз мусулмонон дар ҳеҷ сарзамине ба ҳукуматдорӣ ва иқтидоре ноил набуданд. Аммо Ҳақ таъоло ба онҳо аз пеш хабар дод, ки онҳо касоне ҳастанд, ки агар ба онҳо дар рӯи Замин ҳукумат ва қудрат дода шавад, иқтидори худро дар амалӣ гардонидани амрҳои динӣ сарф мекунанд, намозҳоро барпо медоранд, закотро адо мекунанд, мардумро ба сӯи корҳои нек даъват менамоянд ва аз корҳои бад онҳоро боз медоранд.

Пешгӯии Худованд калима ба калима дар амал ҷорӣ шуд. Худованд аз гурӯҳи муҳоҷирон аввал ба Хулафои рошидин Абӯбакри Сиддиқ (р), Умари Форуқ (р), Усмони Зиннурайн (р) ва Алии Муртазо (к) ҳукумат ва қудрат дод. Онҳо тибқи пешгӯии Қуръон амал карданд. Онҳо иқтидори худро дар барпо доштани намоз, мустаҳкам кардани низоми закот, ривоҷ додани корҳои нек ва гирифтани пеши корҳои бад сафарбар намуданд.

Дар охир Худованд фармуд, ки поён ва натиҷаи ҳама корҳо аз они Худост. Ин ҷумла ҳам таъкид месозад, ки дар ҳақиқат ваъдаи Худованд ҳақ аст, дӯстонашро бар душманонаш пирӯз мегардонад.

Хулоса, касе ки орзуи пирӯзӣ бар душманонро дорад, бояд чаҳор васфе, ки муҳоҷирон ва мусулмонони аввал ба он ороста буданду бо ёрии Худованд ба василаи онҳо ба пирӯзӣ ноил шуданд дошта, бошад: намозро барпо доранд, закотро диҳанд, мардумро ба корҳои нек даъват кунанд ва аз корҳои бад боз доранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)