Сураи Ҳаҷ Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 55

وَلَا يَزَالُ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي مِرْيَةٍ مِنْهُ حَتَّىٰ تَأْتِيَهُمُ السَّاعَةُ بَغْتَةً أَوْ يَأْتِيَهُمْ عَذَابُ يَوْمٍ عَقِيمٍ ٥٥

Ва ла язалу-л-лазӣна кафару фӣ миряти-м минҳу ҳатта таътияҳуму-с-саъату бағтатан ав яътияҳум ъазабу явмин ъақӣм. 55.

55. Ва ҳамеша кофирон аз он ваҳй дар шубҳа бошанд, то вақте ки ба онҳо ногаҳон қиёмат биёяд ё уқубати рӯзи ақим (наҳс) ба онҳо сарозер шавад.

Худованд дар ин оят хабар додааст, ки қиёмат баногоҳ фаро мерасад ва мушрикону кофирони бехабарро ғофилгирашон мекунад. Онҳо дар бораи ин Қуръон дар шак ва шубҳаанд. Дар мазмуни дигар оятҳо омадааст, ки ҳаргиз қавмеро Худованд дучори азоб ва нобудӣ накардааст, магар дар ҳолати сармастӣ, ғурур ва фурӯ рафтанашон дар нозу неъмат. Пас, инсонҳо ба неъматҳои Худованд мағрур нашаванд ва аз роҳи ҳақ (роҳи шариъати Ислом) берун нараванд, то дучори офати ногаҳонии Худованд нагарданд.

Хулоса, мушрикон то омадани рӯзи «ақим» рӯзе, ки баъд аз он рӯзи дигар нест, мункири Қуръон ва дар шубҳаанд. Абӯ Сауд гуфтааст: “Одатан ҳар рӯз рӯзи баъдиро “мезояд,” пас рӯзе, ки баъд аз он рӯзи дигаре нест, «ақим», яъне “нозо” аст ва он рӯз, рӯзи қиёмат аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)