Тафсири Сураи Хач Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 71
وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَمَا لَيْسَ لَهُمْ بِهِ عِلْمٌ ۗ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ نَصِيرٍ ٧١
Ва яъбудуна мин дуниллаҳи ма лам юназзил биҳӣ султона-в ва ма лайса лаҳум биҳӣ ъилм. Ва ма ли-з-золимӣна мин-н-насӣр. 71.
71. Ва ба ҷуз Худо чизеро ибодат мекунанд, ки Худо ҳуҷҷате бар он фурӯ нафиристодааст ва онҳоро бар субути он донише ҳам нест. Ва ситамгоронро ҳеҷ ёридиҳандае нест.
Мушрикон (кофирон) аз рӯи тақлиди кӯр-кӯрона ба аҷдоди гузаштаи худ бутонро мепарастанд ва ҳол он ки барои ҳақ будани ин амалашон ҳеҷ далели илмӣ, ақлӣ ва нақлӣ надоранд. Онҳо надонистанд, ки бузургтарин зулм ва беинсофӣ ин аст, ки ба Худованди воҳиди қаҳҳор бутони худсохтро шарик қарор додан аст. Ин тоифаи золимони беинсоф бояд хуб ба ёд дошта бошанд, ки ин «худо»-ёни худсохташон асло азоби Аллоҳтаъолоро аз сари онҳо дур карда наметавонанд ва ҳеҷ касе ба онҳо дар он замон ёрӣ ва ҳамдастӣ карда наметавонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «