Сураи Ҳаҷ Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 72

وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ تَعْرِفُ فِي وُجُوهِ الَّذِينَ كَفَرُوا الْمُنْكَرَ ۖ يَكَادُونَ يَسْطُونَ بِالَّذِينَ يَتْلُونَ عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا ۗ قُلْ أَفَأُنَبِّئُكُمْ بِشَرٍّ مِنْ ذَٰلِكُمُ ۗ النَّارُ وَعَدَهَا اللَّهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ ٧٢

Ва иза тутла ъалайҳим айатуна баййинатин таърифу фӣ вуҷуҳи-л-лазӣна кафару-л-мункар. Якадуна ястуна би-л-лазӣна ятлуна ъалайҳим айатина. Қул афа-унаббикум би шарри-м мин заликум. Ан-нару ваъадаҳаллоҳу-л-лазӣна кафару ва биъса-л-масӣр. 72.

72. Ва чун бар онҳо оятҳои возеҳомадаи Мо хонда шавад, дар рӯйҳои ин кофирон нохуширо мешиносӣ, наздик аст, ки бар касоне, ки бар онҳо оятҳои Моро мехонанд, ҳамла кунанд. Бигӯ: «Оё шуморо ба нохуштар аз ин хабар диҳам? Он Дӯзах аст. Худо онро бар кофирон ваъда додааст ва вай чӣ ҷойи бад аст!».

Дар асре, ки Қуръон ба Расулуллоҳ (с) нозил мешуд, вақто ки оятҳое, ки ба ягонагии Худованд ва ҳукмҳои қотеъ далолаткунандаро ба мушрикон хонда мешуд, дар симои онҳо осори инкор, хашм ва турушрӯи мушоҳида мешуд. Аз шиддати ғазаб ва нохушӣ наздик буд, ки ба муъминоне, ки бар онҳо Қуръонро мехонданд, ҳамлавар шаванд ва ононро бизананд. Худованд дар идомаи ояти мазкур ба Расулуллоҳ (с) фармуд, ки ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ки оё ба шумо бадтар аз он чизе, ки ҳоло шумо иҷрои онро мехоҳед, хабар диҳам? Хабаратон бод, ки он ҷойи баде, ки бозгашти шумост, Дӯзах аст, ки Худованди қаҳҳор онро, барои кофирон (мушрикон) омода сохта ва ваъда ҳам дода, гуфтааст, ки Дӯзах ҷойгоҳи хеле баде аст, ки дар охир мушрикон ба он мепайванданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)