Тафсири Сураи Хач Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 73
يَا أَيُّهَا النَّاسُ ضُرِبَ مَثَلٌ فَاسْتَمِعُوا لَهُ ۚ إِنَّ الَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَنْ يَخْلُقُوا ذُبَابًا وَلَوِ اجْتَمَعُوا لَهُ ۖ وَإِنْ يَسْلُبْهُمُ الذُّبَابُ شَيْئًا لَا يَسْتَنْقِذُوهُ مِنْهُ ۚ ضَعُفَ الطَّالِبُ وَالْمَطْلُوبُ ٧٣
Йа айюҳа-н-насу Зуриба масалун фастамиъу лаҳ. Инна-л-лазӣна тадъуна мин дуниллаҳи ла-н яхлуқу зубаба-в ва лавиҷтамаъу лаҳ. Ва ин яслубҳуму-з-зубабу шай-ал ла ястанқизуҳу минҳ. Заъуфа-т-талибу ва-л-матлуб. 73.
73. Эй мардум, достоне падид оварда шуд, пас, онро бишнавед, ҳамоно касонеро, ки ба ҷуз Худо мехонед, магасеро офарида натавонанд, агарчи барои он ҳама ҷамъ шаванд ва агар он магас аз онҳо чизеро бирабояд, онро (аз он магас) халос карда натавонанд, ҳам толибу ҳам матлуб нотавонанд.
Дар ояти мазкур Худованд барои қабеҳ будани бутпарастӣ ва сабук ақлии мушрикон мисолеро баён кардааст, ки бояд онро ҳушёрона ва бо диққат бишнаванд, нодуруст будани ақидаашонро бифаҳманд, аз ин амали зишт даст кашанд ва ба сӯи тавҳид (яктопарастӣ) бозгарданд.
Дар идомаи ояти мазкур Худованд гуфтааст, ки эй мардум (мушрикон), он бутҳоеро, ки шумо тавоно ва корсоз меҳисобед, чунон оҷиз ва нотавонанд, ки фаразан агар ҳама бутҳои ҷаҳон якҷо ҷамъ шаванд, хоҳанд, ки як чизи заъифу хурде монанди магасеро биофаранд, офарида наметавонанд. Ҳатто он зарраи ночизе, ки аз дастархони мушрикон магас мебарад, бозгардононида наметавонанд. Пас онҳо чӣ гуна ба шумо ризқ медиҳанд ва шуморо аз офатҳо, бемориҳо ва аз ҷазоҳои Аллоҳи ягона нигоҳ медоранд? Оё бутҳоро баробари Худованди Офаридгор ҳисобидан нишонаи беҳаёгӣ ва камақлии инсон нест?
Хулоса, матлуб (бутҳо) нисбат ба магас заъиф ва толибон (парастандагони бутон) заъифтаранд, зеро чунин чизи ҳақир ва заъифро «илоҳ» ва «ҳоҷатбарор»-и худ сохтаанд.
Пас маълум мешавад, ки мушрикон…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «