Сураи Ҳаҷ Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 74

مَا قَدَرُوا اللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ٧٤

Ма қадаруллоҳа ҳаққа қадриҳ. Инналлоҳа ла Қавийюн Ъазӣз. 74.

74. Худоро он чӣ лоиқи ҳаққи таъзими Ӯ буд, таъзим накарданд. Ҳаройина, Худо тавонои ғолиб аст.

Худованд дар ин оят аз ҳоли мушрикон хабар дода фармудааст, ки мушрикон он қадар камақлу носипосанд, ки қадри Худои якка ва ягонаро нашинохтанд. Ба таври шоиста Аллоҳтаъолоро таъзим ва ибодат накарданд. Сангу чӯбҳои нотавон ва бешууру ҳақирро шарику дар баробари Худои ниҳоят қодиру тавоно қарор доданд. Агар боақлу бофаҳм буданд, чаро қадри Худовандро нашинохтанд?

Дар охир бо таъкид Худованд ду исми сифати худро баён карда, фармудааст, ки ҳароина, Худованд Зотест тавоно ва ғолиб, ҳеҷ чиз наметавонад Ӯро дармонда ва нотавон гардонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)