Сураи Мӯъминун – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муъминун – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи «Муъминун» дар Макка нозил шуда аз 118 оят иборат аст.

Номгузории сураи мазкур бо калимаи «Муъминун», валлоҳу аълам, барои он аст, ки ному ахлоқ ва фазилати некӯи муъминонро ёдовар мешавад. Ҳамчунин фазилатҳоеро номбар мекунад, ки касе ба онҳо амал намояд, дар Ҷаннат сатҳи Фирдавси аълоро соҳиб мегардад.

Мавзӯъи аслҳои дини Ислом, чун тавҳид (Аллоҳ таъолоро якка донистан) ва набувват (Муҳаммад (с)-ро пайғамбари барҳақ донистан) ва маъод (ба охир расидани ин дунё, барпошавии қиёмат, аз навзиндагардонӣ ва ғ.)-ро сураи мазкур дар бар гирифтааст.

Сура бо баёни шарти растагории (озодшавӣ аз азоби Дӯзах ва дохилшавӣ ба Ҷаннат) инсонҳо оғоз гардида, баъдан далелҳои қудрат ва ягонагии Аллоҳро, ки ҳар инсони оқил ҳамарӯза онҳоро мисли офариниши инсон, ҳайвонҳо, наботот, Коиноти бо ситорагон оросташуда ва ғайра мушоҳида менамояд, баррасӣ мекунад. Дар идомаи оятҳои ин сура, барои тасаллии Расулаллоҳ (с) то ин, ки аз озори мушрикон ва кофирон дилгир нашавад, қиссаи пайғамбарони пешин чун Нӯҳ (а), Ҳуд (а), Мӯсо (а) ва Исо (а) нақл шудааст.

Дар бораи душмании кофирони Макка низ сухан меравад, ки чӣ гуна бо вуҷуди далелҳои равшан боз ҳам бар зидди ҳақ ба мубориза бархостанд. Дар идома оятҳои ин сура бо далелҳои раднопазир ҳақ будани барпошавии рӯзи қиёмат, аз нав зиндагардонидани ҳама инсонҳо, гирдоварии инсонҳо дар саҳрои қиёмат барои бозпурсӣ аз ақида ва амалҳои дар дунё содиркардаашон сухан меравад.

Бо баёни аҳволи мардум дар рӯзи қиёмат сура ба охир мерасад. Дар он рӯз мардум ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд, гурӯҳи некбахтон ва гурӯҳи бадбахтон. Дар он рӯз ҷуз имон ва амали некӯ дигар мансаб, авлод, сарвати дунё, ҳеҷ чиз барои халосӣ аз азоби илоҳӣ судманд нест. Он рӯз фарёд, зорӣ ва кашмакаши кофирону гунаҳкорон баланд мешавад, аммо барои онҳо фарёдрас куҷост?! Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи сураи «Муъминун».


Рӯйхати оятҳои Сураи Мӯъминун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мӯъминун Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)