Тафсири Сураи Хашр – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр 59-ум сураи Қуръон буда, он дар Мадина нозил шуда аз 24 оят иборат аст.
“Ҳашр” дар ин ҷо ба маънои кӯч бастан, нақл кардани гурӯҳе аз макони зисташон омадааст.
Сураи мазкур покию бузургии Офаридгор, аҳдшикании бани Назир, аҳволи мунофиқон, фазилати муҳоҷирон, сано ва нусрати ансор, тақсими моли ғанимат, ҳавлу тарси рӯзи қиёмат ва билохира, якчанд исмҳои волои Офаридгорро баён мекунад.
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ин сураро “Сураи бани-Назир” мегуфтанд. Чаро ки онҳо аҳди худро бо мусулмонҳо шикастанд ва бо Абӯ Суфён аҳднома баста бар зиддӣ муъминон, дар қалъаҳои мустаҳкам камин гирифта ва ақида бар он доштанд, ки мағлубнопазиранд. Вале Худованд онҳоро шикаст дод. Ҳатто, ки ба иваз намудани ҷойи зисташон розӣ шуданд. Сураи мазкур қиссаи онҳоро ба тафсил баён мекунад. Ин буд назари мухтасар аз мундариҷаи ин сураи муборак.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «