Тафсири Сураи Хашр Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 11
۞ اَلَمۡ تَرَ اِلَى الَّذِيۡنَ نَافَقُوۡا يَقُوۡلُوۡنَ لِاِخۡوَانِهِمُ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا مِنۡ اَهۡلِ الۡكِتٰبِ لَٮِٕنۡ اُخۡرِجۡتُمۡ لَنَخۡرُجَنَّ مَعَكُمۡ وَلَا نُطِيۡعُ فِيۡكُمۡ اَحَدًا اَبَدًاۙ وَّاِنۡ قُوۡتِلۡتُمۡ لَـنَـنۡصُرَنَّكُمۡ ؕ وَاللّٰهُ يَشۡهَدُ اِنَّهُمۡ لَـكٰذِبُوۡنَ ١١
۞ Алам тара ила-л-лазӣна нафақу яқулуна ли ихваниҳиму-л-лазӣна кафару мин аҳли-л-китаби ла ин ухриҷтум ла нахруҷанна маъакум ва ла нутӣъу фӣкум аҳадан абада-в ва ин қутилтум ланансураннакум валлоҳу яшҳаду иннаҳум ла казибун. 11.
11. Оё надидӣ касонеро, ки мунофиқ шуданд ба он бародарони худ аз аҳли Китоб, ки кофир шуданд, мегӯянд: «Қасам ба Худо, агар ҷилои ватан карда шавед, албатта, ҳамроҳи шумо хориҷ мешавем ва ҳаргиз дар бораи шумо ҳеҷ кас ва ягон фармонро қабул намекунем. Ва агар бо шумо ҷанг карда шавад, албатта шуморо нусрат диҳем». Худованд шоҳидӣ медиҳад, ки албатта, онҳо дурӯғгӯянд».
Одати мунофиқон онаст, ки доимо хилофи он чи ки дар дилҳояшон доранд, изҳор мекунанд. Худованд ба Расулаш (с) хитоб кардааст, ки ин ҳеҷ ҷойи тааҷуб надорад, зеро табиати мунофиқон чунин аст. Онҳо ба яҳудиёни бани Қурайза ва бани Назир, ки ба рисолати пайғамбари Худо (с) кофир шудаанд мегуфтанд: “Агар шуморо аз Мадина хориҷ намоянд, мо ҳам ҳамроҳи шумо хориҷ мешавем, фармони касеро дар муқобили шумо ҳаргиз қабул надорем ва агар бар шумо қитол шаваду ҷанг кунанд, мо, албатта, бо шумоем ва шуморо нусрат хоҳем доду бо шумо хоҳем монд. Шумо бар ҷойҳои худ устувор монед.” “Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салули мунофиқ ин суханонро сӯи бани Назир хабар фиристода буд.
Тавре дар боло ишора рафт ду қабилаи номбурда ба рисолати Расул (с) кофир шуда буданд, пас он мунофиқоне, ки аз онҳо ҷонибдорӣ карданд ва омода буданд барояшон кумак расонданд, дар ҳақиқат онҳо низ кофиранд. Худованд хабар медиҳад, ки мунофиқон дурӯғ мегӯянду бар аҳдҳои худ вафо намекунанд.
Аллоҳтаъоло дар ояти зер ба Расули худ (с) ва ба ҷумлаи муъминон симои ҳақиқии мунофиқонро кушодатару возеҳтар баён месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «