Тафсири Сураи Хашр Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 12
لَٮِٕنۡ اُخۡرِجُوۡا لَا يَخۡرُجُوۡنَ مَعَهُمۡۚ وَلَٮِٕنۡ قُوۡتِلُوۡا لَا يَنۡصُرُوۡنَهُمۡۚ وَلَٮِٕنۡ نَّصَرُوۡهُمۡ لَيُوَلُّنَّ الۡاَدۡبَارَ ثُمَّ لَا يُنۡصَرُوۡنَ ١٢
Ла ин ухриҷу ла яхруҷуна маъаҳум ва лаин қутилу ла янсурунаҳум ва ла ин-н-насаруҳум ла юваллунна-л-адбара сумма ла юнсарун. 12.
12. Агар аҳли Китобро ҷилои ватан карда шавад, он мунофиқон ҳамроҳи онҳо хориҷ намешаванд ва агар бо онҳо ҷанг карда шавад, онҳоро нусрат надиҳанд ва агар аҳли китобро нусрат диҳанд, албатта, ба қафои худ бозгарданд. Баъд аз он ба онҳо мадад карда нашавад.
Агар яҳудиёни аҳли китоб, яъне бани Назир аз ватан хориҷ карда шаванд, мунофиқон ҳамроҳи онҳо хориҷ намешаванд, агар ба онҳо қитол карда шавад ин мунофиқони дурӯғгӯ ва ваъдабоз ба онҳо дасти ёрӣ дароз намекунанд ва агар кумак ҳам расонанд, ба ғарази манфиатҳои худ расонанд. Зеро мунофиқон назар ба тарозуи ҳодиса доранд, кадом тарафе вазнинтар ояд, ба ҳамон тараф майл мекунанд. Ҳар фард метавонад мавқеи худро аз мазмуни ин оят муайян сохта ба худ баҳо диҳад.
Ин оят аз ҷиҳати амри ғайбӣ далеле ҳаст ба саҳеҳу дуруст будани сидқи нубуввати Паёмбари Худо (с), чаро ки яҳудиёнро ба сабаби хиёнати кардаашон ҷилои ватан фармуданд. Ва мунофиқони ваъдахилоф на ҳамроҳи яҳудиён аз ватан хориҷ рафтанд ва на ҳамроҳи онҳо шуда бар зидди душманони онҳо ҷанг намуданд. Аз нусрату кумаки мунофиқон ба яҳудиён манфиате набуд.
Агар, фарзан, ва бо амри тақдир барои нусрати онҳо ба ҷанги зидди душманони онҳо меомаданд ба зудӣ шикаст мехӯрданд ва пушти онҳо сӯи майдони ҷанг мешуд на рӯяшон.
Хулоса, ҳамчуноне, ки Қуръон хабар дода буд, ин воқеъа ҳамон гуна ба анҷом расид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «