Сураи Ҳашр Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хашр Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳашр Ояти 13

لَاَنۡتُمۡ اَشَدُّ رَهۡبَةً فِىۡ صُدُوۡرِهِمۡ مِّنَ اللّٰهِ‌ؕ ذٰلِكَ بِاَنَّهُمۡ قَوۡمٌ لَّا يَفۡقَهُوۡنَ ١٣

Ла антум ашадду раҳбатан фӣ судуриҳим-м миналлоҳ. залика би аннаҳум қавму-л ла яфқаҳун. 13.

13. Албатта, тарс аз шумо (мусалмонон) дар дилҳои онҳо нисбати тарс аз Худо дида сахттар аст. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо қавме ҳастанд, ки кам мефаҳманд.

Худованд дар ин оят аҳволи мунофиқонро боз равшантар баён карда, мегӯяд, ки онҳо аз Худо дида, аз шумо мусулмонон сахттар метарсанд. Он хавфу биме, ки аз шумо доранд, аз Худо надоранд. Ин тарси онҳо аз шумо аз ин хотир аст, ки онҳо бо азамат будани Парвардигорро намедонанд, зеро гумроҳу камфаҳманд. Онҳо мардуми тарсончаканд ва қудрати қитоли мардона зидди мусулмононро надоранд. Магар, ки аз дохили ҳисору қалъаҳояшон бо ҳилаҳо чуноне, ки ояти зер эзоҳ медиҳад, муқовимат мекунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳашр Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳашр Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)