Сураи Ҳашр Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хашр Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳашр Ояти 9

وَالَّذِيۡنَ تَبَوَّؤُ الدَّارَ وَالۡاِيۡمَانَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡ يُحِبُّوۡنَ مَنۡ هَاجَرَ اِلَيۡهِمۡ وَلَا يَجِدُوۡنَ فِىۡ صُدُوۡرِهِمۡ حَاجَةً مِّمَّاۤ اُوۡتُوۡا وَيُـؤۡثِرُوۡنَ عَلٰٓى اَنۡفُسِهِمۡ وَلَوۡ كَانَ بِهِمۡ خَصَاصَةٌ ؕ وَمَنۡ يُّوۡقَ شُحَّ نَـفۡسِهٖ فَاُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الۡمُفۡلِحُوۡنَ‌ۚ ٩

Ва-л-лазӣна табаввау-д-дара ва-л-ӣмана мин қаблиҳим юҳиббуна ман ҳаҷара илайҳим ва ла яҷидуна фӣ судуриҳим ҳаҷата-м мим ма уту ва юъсируна ъала анфусиҳим ва лав кана биҳим хасасаҳ. Ва ма-н йуқа шуҳҳа нафсиҳӣ фа улйика ҳуму-л-муфлиҳун. 9.

9. Ва (ансор) он касонеанд, ки дар Дорулислом (Мадина) ҷой гирифтанд ва пеш аз муҳоҷирон дар имон ҷой пайдо карданд ва шахсеро, ки ба сӯйи онҳо ҳиҷрат мекард, дӯст медоштанд ва аз он чӣ муҳоҷиронро (аз моли улҷа) дода шуд, дар дили худ хашму ҳасадро намеёбанд ва агарчи эҳтиёҷе дошта бошанд ҳам, дигаронро бар хештан ихтиёр мекунанд. Ва ҳар кӣ ҳирси нафси худро нигоҳ дошт, пас, он ҷамоъат растагоранд.

Месазад, ки ансорро мадҳу сано гуфт. Онҳо пештар ба Мадина манзилу маскан гирифта, қариб онро ба Дорулислом табдил дода буданд. Ансор афроде буданд, ки аз аксари муҳоҷирон дида, пештар имони холис оварда буданд ва бародарони муҳоҷири худро дӯст медоштанд ва дар молҳои худ ҳақбарашон медонистанд. Ва нисбати онҳо дар дилҳои худ кинаву қудрате надоштанд. Чун моли файъро байни муҳоҷирон тақсим намуданд, дар дили ансор ягон ҳасад, ё рашке зоҳир нагардид.

Чун моли бани Назирро ба муҳоҷирон доданд, се нафар аз саҳобагони ансор ҳам аз он мол баҳравар гардиданд. Аз ин амал ҳама ансор хурсанд шуданд. Сифати дигари ансор ҳимматбаландии онҳо буд. Ҳарчанд ки баъзеи онҳо на он қадар сарватманд буданду эҳтиёҷмандӣ ҳам доштанд, вале аз моли худ ба бародарони муҳоҷирашон насибаю ҳадяҳо медоданд. Ва шахсеро, ки Парвардигор аз бухлу ҳасаду мумсикӣ ҳимоя кунад ва саломаташ дорад, ба таҳқиқ он шахс фалоҳ (наҷот) ёфтааст. Чуноне, ки ин сифатҳо дар саҳобагони ансорӣ дида мешуд.

Дар ҳақиқат ансор аз ҳама ҷиҳат ба муҳоҷирон дасти кумак дароз мекарданд. Ин аст ҳадди аълои саховатмандӣ ва ин аст устуворию пойдорӣ дар вафо ба аҳду ваъдаҳо, ки дода буданд (Худо донотараст).


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳашр Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳашр Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)