Сураи Ҳиҷр Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 18

إِلَّا مَنِ اسْتَرَقَ السَّمْعَ فَأَتْبَعَهُ شِهَابٌ مُبِينٌ ١٨

Илла манистарақа-с-самъа фа атбаъаҳу шиҳабу-м мубӣн. 18.

18. магар он ки ба дуздӣ шунавад, пас оташи ошкор дар пайи вай афтад.

Худованд дар ин оятҳо фармудааст, ки Мо Осмонро аз мудохалаи ҳаргуна шайтони рондашуда дар муҳофизати (посбонии) худ қарор додаем. Ҳеҷ шайтон наметавонад дар ҳудуди он гузар кунад ва чизе аз ваҳй, ё ғайри онро бишнавад. Магар шайтоне, ки кӯшишу шайтанати худро ба кор бурда, барои дуздии хабарҳои ғайбӣ ба олами фариштагон наздик шавад, то хабари ноқисе ҳам бошад, аз гуфтугӯи фариштагон бишунавад. Дар он сурат аз фарози осмон дунболи ӯ шиҳоб (тири оташин) афтода, ӯро ба қатл мерасонад, ё ӯро дар ҳолати тарсу дармондагӣ ва маҷрӯҳӣ қарор медиҳад.

Дар ривояте аз ибни Аббос (р) омадааст, ки пеш аз таваллуди Исо (а) дарҳои осмонҳо барои шайтонҳо пӯшида набуд. Онҳо ба осмонҳо ворид мешуданд, хабарҳои ғайбиро аз фариштагон мешуниданд, сипас он суханҳоро ба мунаҷҷимону коҳинон интиқол медоданд. Чун Исо (а) таваллуд шуд, шайтонҳо аз вуруди се осмон боз дошта шуданд. Баъд аз он, ки Расуллоҳ (с) таваллуд шуданд, шайтонҳо аз вуруд ба ҳамаи осмонҳо манъ шуданд. Аз ин ҷиҳат, кори коҳинон ва фолбинон аз ривоҷу равнақ бозмонд. Дар истилоҳи илми Астрономияи имрӯза «шиҳоб» чун «метеор» қабул шуда аст, ки онро дар урф «ситораи паррон» меноманд. Дар Коинот дар қатори ситорагон, сайёраҳо, газҳо, ҷирмҳои андозаашон нисбатан хурдро Худованд низ офаридааст, ки бо суръати бузург дар ҳаракатанд. Агар ин ҷирмҳо ба қисми ҳаводори болои Замин бархӯранд, дар натиҷаи соиш тасфида месӯзанд. Мо онро чун «ситораи паррон» мушоҳида мекунем. Муфассирон мегӯянд, ки шиҳобҳо пеш аз пайғамбар таъин шудани Муҳаммад (с) низ буданд. Аммо дар он замон барои задани шайтонҳо истифода намешуданд. Аз замони пайғамбар таъин шудани Муҳаммад (с) шиҳоб, чуноне ки дар ояти 18-уми сураи мазкур гузашт, бо амри Худованд барои ҳимояи осмон аз шайтонҳо истифода мешаванд. Барои дарки бештар ба ояти 9-уми сураи «Ҷин» ва ба оятҳои 6-10-уми сураи «Соффот» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)