Тафсири Сураи Хичр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 5
مَا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَأْخِرُونَ ٥
Ма тасбиқу мин умматин аҷалаҳа ва ма ястаъхирун. 5.
5. Ва ҳеҷ гурӯҳе аз вақти муқаррарии худ сабқат намекунад ва на бозпас мемонад.
Барои ҳама махлуқот Худованд муҳлатеро муайян кардааст. Ҳама корҳо мувофиқи муҳлати муайяншуда, на пеш аз он ва на пас оғоз мешаванд ва на ба охир мерасанд. Акнун, ки одати Худо чунин аст, ҳеҷ уммат пеш аз фаро расидани муҳлати муайяншудаи хеш нобуд намешаванд ва на аҷалашон ба таъхир гузошта мешавад. Бояд инсонҳо аз сарнавишти умматҳои аз бало ҳалокшуда ибрат гиранду вақти оромиро ғанимат шуморида, дар пайи ислоҳи худ бошанд. Ба ҷои ибрат гирифтан набояд ғофил нишаст. Бо умеду орзу набояд кору кирдори онҳоро такрор намуда сарнавишти онҳоро бар сари худ овард.
Хулоса, Худованд ба Пайғамбари Худ (с) гуфт, ки то барои мардум ҳуҷҷатҳои худро нишон надиҳем ва то аҷали муқарраршудаашон, ки дар “Лавҳулмаҳфуз” навишта шудааст, ба охир нарасад, Мо мардуми ҳеҷ сарзаминро ҳалок намесозем. Локин аҷали кофироне, ки бо ту ситеза мекунанд, дар оянда низ фаро хоҳад расид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «