Тафсири Сураи Хичр Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 4
وَمَا أَهْلَكْنَا مِنْ قَرْيَةٍ إِلَّا وَلَهَا كِتَابٌ مَعْلُومٌ ٤
Ва ма аҳлакна мин қарятин илла ва лаҳа китабу-м маълум. 4.
4. Ва Мо ҳеҷ қаряеро ҳалок накардем, магар ин ки барои вай вақти навиштае муқаррар буд.
Бояд гумон нашавад, ки аз лаззатҳои дунё бархӯрдор шудан корест бе поён. На! Зеро Худованд дар ин оят фармудааст, ки ҳеҷ шаҳреро қабл аз омадани муҳлате, ки барои онҳо дар «Лавҳул маҳфуз» муайян (сабт) гардидааст, ҳалок намесозем.
Барои ҳар қитъаи замин дар “Лавҳулмаҳфуз” вақти муайян дарҷ гардидааст. Агар мушоҳида шавад, ки шаҳре, ё деҳае бо вуҷуде, ки Худоро фаромӯш карда, дар лаззатҳо ва орзуҳои дунёгӣ фурӯ рафтаанд, аммо ҳалок намешаванд, тааҷҷуб набояд кард. Зеро мувофиқи ояти мазкур онҳо низ вақти муайян доранд, то омадани он вақт аз неъматҳои дунё бархӯрдор мешаванд. Дигар ин ки мумкин онҳо як сифати хубе доранд, ки аҳли ҷомеъа бо сабаби он, чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ, чӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ ва чӣ аз ҷиҳати сиёсат, аз оромии том бархурдоранд, пас ҳоло ҳалокати онҳо мавқуф ба вақте гузошта шудааст. Чун вақти онҳо ба ниҳоят расад, онҳо низ ҳалок мешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «