Сураи Ҳиҷр Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 7

لَوْ مَا تَأْتِينَا بِالْمَلَائِكَةِ إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ ٧

Лав ма таътӣна би-л-малаикати ин кунта мина-с-садиқӣн. 7.

7. Агар аз ростгӯён ҳастӣ, чаро пеши мо фариштагонро намеорӣ?».

Ояти мазкур давоми суханҳои истеҳзоомези кофирон ба Расулуллоҳ (с) аст.

Яъне мушрикони Макка ба суханҳои дар ояти қаблӣ гуфтаашон афзуданд, ки агар аз ростгӯён ҳастӣ, чаро фариштагонро бар сари мо намеоварӣ, то ба дурустии кори ту шаҳодат диҳанд ва моро ба қабул кардан водор кунанд ва ба сабаби дурӯғ шуморидани суханҳои ту моро ҷазо диҳанд?

Худованд барои радди суханони мушрикон дар ояти зер чунин гуфтааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)