Сураи Ҳиҷр Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 88

لَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعْنَا بِهِ أَزْوَاجًا مِنْهُمْ وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَاخْفِضْ جَنَاحَكَ لِلْمُؤْمِنِينَ ۸۸

Ла тамудданна ъайнайка ила ма маттаъна биҳӣ азваҷам минҳум ва ла таҳзан ъалайҳим вахфиз ҳанаҳака лил муъминин. 88.

88. Боз макун ду чашми худро ба сӯи он чӣ баҳраманд сохтаем ба он ҷамоатҳоро аз кофирон ва андӯҳнок машав бар онҳо ва паст кун бозуи худро барои мӯъминон.

Худованд Пайғамбари худ (с)-ро дар ин оятҳо чаҳор дастур дода, дар оғоз фармудааст, ки мо гурӯҳе аз кофиронро барои озмоиш неъмати фаровон медиҳем, лекин чашми худро ҳаргиз ба сӯи неъматҳои онҳо майлон макун, ки чаро ба ин малъунон чунин неъмату ҳашамат додаст. Тааччуб ҳам макун, зеро ин гуна неъматҳо на пойдоранду на холӣ аз ранҷ, балки бо соҳиб шудани чунин сарват бадкории онҳо меафзояд, ҳатто дар вақти оромӣ ба нигоҳ доштани онҳо мушкили мекашанд. Аз ин, ки мисли онҳо чунин неъматҳоро ба ту надодаем, ҳеҷ ғамгин мабош! Онҳо дар баробари Қуръони азиме, ки ба ту Додаем, ҳеҷанд. Ту таблиғи худро бештар анҷом деҳ. Аз ин ки онҳо имон намеоранд, низ ғамгин машав. Зеро ҳамрафиқи ранҷу роҳати ту мӯъминон ҳастанд. Сипас, бо киноя ба Расули худ Худованд чунин гуфт, ки ҳоло вақти он аст, ки пар (бозу)-ҳои худро назди мӯъминон паст кунӣ; Яъне назди онҳо тавозӯъ кунӣ бо онҳо меҳрубону хушмуомила бошӣ ва онҳоро бо фурӯтанӣ зери пар (итоат)-и худ қарор диҳӣ Калимаи «азвоҷ» дар ин ҷо ба маънои тавонгарон тафсир шудааст. Хулоса, оятҳои Қуръон сар то сар пур аз ҳикматанд. Нуқтаи ҷолиб ин аст, ки шахси имондор набояд назди шахси кофири сармоядор барои дунёи ӯ шуда сар хам кунад, ё афсӯс хӯрад, ки чаро ман мисли ӯ сарват надорам. Аммо барои шахси мӯъмин, агарчи аз мол тиҳидаст бошад ҳам, тавозӯъ равост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)