Тафсири Сураи Хичр Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 87
وَلَقَدْ آتَيْنَاكَ سَبْعًا مِنَ الْمَثَانِي وَالْقُرْآنَ الْعَظِيمَ ۸۷
Ва лақад атайнака сабъам минала масани вал Қур-анал ъазим. 87.
87. Ва ҳароина, додем туро ҳафт (оят) аз он чӣ (дар намоз) ба такрор хонда мешавад ва додем туро Қуръони бузург.
Худованд Пайғамбари худ (с)-ро тасаллӣ дода чунин иршод фармудааст, ки бояд Ў (с) ба хушунат ва мухолифату душмании онҳо ва аз бисёрии адади онҳо, имконоти фаровони моддии онҳо, ки дар ихтиёр доранд, сарфи назар кунад ва ҳаргиз нигарону тангдил набошад. Зеро Худованд неъмати бузургеро дар ихтиёри Ў (с) гузоштааст, ки ҳеҷ чиз ба он баробар шуда наметавонад. Яъне, Худованд дар ин оят фармудааст, ки ба таҳқиқ Мо туро ҳафт оят (сураи «Фотиҳа») додем ва инчунин ба ту Қуръони бузург додем. Бо иттифоқи аксари муфассирон «сабъа масонӣ» сураи Фотиҳа аст, ки он дорои ҳафт оят буда дар намозҳо ба такрор хонда мешавад. Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки сураи мазкур ба ду бахш тақсим мешавад: бахши аввал ҳамду санои Худованд бахши дуввум тақозо ва дархости бандагон. Аз ин, рӯ номи масонӣ (дуто)-ро бар ӯ гузоштаанд Хулоса, чӣ тавре, ки офариниши осмонҳову замин аз тарафи Парвардигор ҳақ аст, нозил шудани Қуръони карим аз тарафи Аллоҳ таъоло ба Пайғамбар (с) низ ҳақ аст. Бо ривояти Имом Бухорӣ (р) Пайғамбар (с) чунин гуфтаанд: «Ал-ҳамду лиллаҳи рабби-л-ъаламин ин ҳамон ҳафти такроршаванда ва Қуръони азим аст, ки ба ман дода шуд». Дар баъзе ривоятҳо онро Уммул-Қуръон (модари қуръон) низ гуфтаанд. Гуё сураи «Фотиҳа» матнест ва қуръон шарҳу эзоҳи он. Барои тарҷеҳи бештар ба эзоҳи сураи «Фотиҳа» ҷузъи 1-уми «Тафсири осонбаён» муроҷиат шавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «