Сураи Ҳиҷр Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 98

فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَكُنْ مِنَ السَّاجِدِينَ ۹۸

Фасаббиҳ би ҳамди раббика ва кум минас-саҷидин. 98.

98. Пас ба покӣ ёд кун Парвардигори худро бо ситоиши ӯ ва бош аз саҷдакунандагон!

Худованд ба Ҳабиби худ (с) фармуд, ки аз шунидани суханҳои онҳо нороҳат мабош, ба тасбеҳ гуфтани Парвардигори худ бипардоз ва дар баробари зоти Покаш сар ба саҷда мон ва аз ҷумлаи ситоишгарону намозгузорон бош! Агар чунин кунӣ, Худованд ғаму андӯҳи туро бартараф месозад, синаатро кушода мегардонад. Хулоса, дар баробари озори ҷоҳилон Худовандро ҳамду сано гуфтан, Худоро бо тасбеҳу покӣ ёд кардан, намоз хондан ва ба ибодат машғул шудан сабукӣ мебахшад. Набии карим (с) одат доштанд, ки пеш аз вуқӯи амри муҳим ва андеша ба хондани намоз мешитофтанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)