Тафсири Сураи Хичр – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр дар Макка нозил шуда, дорои 99 оят аст.
Номи ин сура аз ояти 80-ум то 84-ум, ки аз асҳоби Ҳиҷр, (Қавми Солеҳ (а) сухан мегӯянд, интихоб шудааст. Ин сура танҳо сураест, ки дар панҷ ояти худ дар бораи асҳоби Ҳиҷр сухан кардааст. Сураи мазкур чун сураҳои дар Макка нозилшуда дар атрофи ақидаи мустаҳкам сухан гуфта, бо онҳо ҳамоҳанг аст. Замоне ки ин сура ва сураи Юсуф (а) нозил шуданд, замоне буд, ки Пайғамбар (с) ва муъминон аз мушрикон сахт озор мекашиданд.
Соле буд, ки аз сабаби вафоти амакашон Абӯтолиб ва вафоти ҳамсари вафодорашон, Хадиҷа (р), он солро «соли ғам» ном ниҳода шуд. Аз ин рӯ, дар ин сура барои тасаллии Пайғамбарамон (с) таърих ва қиссаҳои муъминони пешгузашта, ки ба рӯзгорашон монандӣ дорад, зикри худро ёфтааст. Сураи «Ҳиҷр» аз қавми Самуд мисолҳо оварда, натиҷаи кори касонеро, ки Исломро инкор мекунанд, ёдрас мекунад.
Дар оятҳои аввали ин сура аз аҳли куфр, аз огоҳ сохтани онҳо, аз озор расонидани мушрикон ба Пайғамбар (с) ва ваъдаи Худованд оид ба муҳофизати Қуръон сухан меравад. Сониян чун нишонаи сифатҳои баркамоли Парвардигор баъзе аз офаридаҳои бузурги Ӯ (ҷ.ҷ.) чун Осмону бурҷҳои он, Замину кӯҳҳо шамолҳо, об, олами наботот ва амсоли онҳо ёдрас мешавад.
Баъдан, қиссаи Одам (а) ва шайтони лаъин бо услуби хосс дар ин сура зикри худро ёфтааст. Иншоаллоҳ, дигар масъалаҳои зарурӣ дар раванди тафсири оятҳои ин сура баёни худро меёбанд. Ин буд назари мухтасаре ба мундариҷаи сураи «Ҳиҷр».
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «