Сураи Ҳиҷр Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

الر ۚ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ وَقُرْآنٍ مُبِينٍ ١

1. Алиф. Лом. Ро. Тилка айату-л-китаби ва Қур-ани-м мубӣн. 1.

Алиф, Лом, Ро. Ин оятҳои Китоб (-и илоҳӣ) ва Қуръони равшан аст.

Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа (аз ҳам ҷудо)-и алифбо ва эзоҳи онҳо дар аввали сураи «Бақара» чанде аз андешаҳои муфассирон гузашт. Маълум аст, ки Қуръон ва оятҳои ин китоби осмонӣ ва ин роҳкушои олами башарият, аз чунин ҳарфҳое, ки дар ихтиёри мардум, ҳатто дар ихтиёри кӯдакон қарор доранд, банду баст шудааст. Локин на инсон ва на ҷин бо ин ҳарфҳо китоберо чун Қуръон бо фасоҳату балоғат навишта наметавонад, ки он чаҳордаҳ аср бетағйр аст ва то ба охир, яъне рӯзи қиёмат бетағйир боқӣ бимонад. Бинобар ин, хирадмандон иқрор ба он доранд, ки Қуръон муъҷизаи илоҳист, бояд ба он имон овард ва ба он амал кард. Афсӯс ки баъзе аз мардум ба қадри ин китоби илоҳӣ намерасанд. Хулоса, Худованд бо калимаи (тилка), ки барои ишораи дур истеъмол мешаваду ба бузургии ишорашуда (Қуръон) далолат мекунад, ишора карда фармудааст, ки оятҳои он китоб (Қуръон) аз ҳама тараф, чӣ аз ҷиҳати маъно ва чӣ вз ҷиҳати муъҷиза буданашон, назди аҳли хирад ошкоро маълум аст. Бо ибораи дигар, ин оятҳое, ки сураи Ҳиҷр онҳоро дарбар гирифтааст, оятҳои Қуръонест, ки он Китоб баёнгари дину шариъат, исботкунандаи мавҷудияти Худованд, баёнгари сифатҳои илоҳӣ ва равшангари тамоми ниёзҳои инсон аст.

Алиф, лом, ро ҳаст оғози кор,

Ки рамзест аз сӯйи Парвардигор.

Чунинаст, оёти Қуръон китоб,

Ҷудо созад, ботил, зи роҳи савоб.

(Умеди Маҷд)


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)