Тафсири Сураи Иброхим Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 52
هَٰذَا بَلَاغٌ لِلنَّاسِ وَلِيُنْذَرُوا بِهِ وَلِيَعْلَمُوا أَنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ وَلِيَذَّكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ ٥٢
Ҳаза балағу-л ли-н наси ва ли юнзару биҳӣ ва ли яъламу аннама Ҳува Илаҳу-в Ваҳиду-в ва ли яззаккара улу-л-албаб. 52.
52. Ин Қуръон барои мардум хабаррасонанда аст, то ба он бим карда шаванд ва то бидонанд, ки ҷуз ин нест, ки Ӯ Худои ягона аст ва то соҳибони хирад пандпазир шаванд.
Худованд дар охирин ояти сураи «Иброҳим» чунин фармудааст, ки ин Қуръон аз тарафи Аллоҳ барои ҳамаи мардум ҳамчу баённома, барои он фиристода шудааст, ки то онҳо аз бадбахтиҳо раҳо ёбанду хушбахт бошанд. Мақсад аз нозил кардани Қуръон он аст, ки то ҳамаи мардуми кураи Замин тобеъ ба он бошанд, зеро қатъи назар аз нажод, то ин ки хушбахтии дунё ва охират насиби онҳо бошад, ҳамаи мардум имконияти амал карданро ба гуфтаҳои он доранд. Бояд онҳо донанд, ки ғайри Худои ягона ҳеҷ чиз лоиқи парастиш нест. Ҳама бояд дар ҳолати яктопарастӣ зиндагонӣ кунанд ва яктопараст аз дунё гузаранд. Қуръон барои соҳибони хирад ёдрасон мекунад, ки бояд онҳо ақли худро ба кор гиранд ва роҳи дурустеро, ки ризои Аллоҳ дар он асту он роҳ онҳоро ба сӯйи Биҳишт мерасонад, ёбанд. Ва лиллоҳи ҳамд.
Поёни сураи “Иброҳим” ва поёни пораи 13-ум.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «