Сураи Ҳоққаҳ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ Ояти 10

فَعَصَوۡا رَسُوۡلَ رَبِّهِمۡ فَاَخَذَهُمۡ اَخۡذَةً رَّابِيَةً‏ ١٠

Фа ъасав расула Раббиҳим фа ахазаҳум ахзата-р-рабияҳ. 10.

10. Пас, фиристодаи Парвардигорашонро нофармонбардорӣ карданд, пас, Аллоҳ онҳоро сахт фурӯ гирифт.

Он бадбахтон (Фиръавну пайравонаш) ҳазрати Мӯсо (а)-ро нофармонбардорӣ карданд. Қавми Лут (а) низ Лут (а)-ро итоат накарданд. Хулоса, ҳар ду гурӯҳ назди Худо осӣ шуданд, пас Худованд ононро бо чунин азобе гирифт, ки дар шиддату сахтӣ аз азобҳои пешиниён зиёда буд. Зеро ин ду гурӯҳ гуноҳҳои сахт ва ҷиноятҳои вазнин содир карда буданд.

Шарҳи мухтасари қиссаи Фиръави ва қавми Лут (а) ин аст:

Фиръавн дар замони қадим унвони подшоҳони Миср буд. Аммо Фиръавне, ки дар Қуръон зикраш ҳаст, онест, ки дар замони ҳазрати Мусо (а) ҳокимӣ мекард. Ӯ даъвои худоӣ ҳам карда, ба гуноҳҳои зиёде даст зад. Аллоҳтаъоло барои ҳидояти Фиръавну қавмаш Мусо (а) ва Ҳорун (а)-ро ба сифати пайғамбар фиристод. Аммо онҳо имон наоварданд. Ин қисса дар бисёр сураҳои Қуръон таъкидан зикр мегардад. Қиссаи Ӯ дар ин сура бисёр кӯтоҳ омадааст. Шояд аз ин хотир бошад, ки арабҳо ин саргузаштро хуб медонистанд ва бо андак ишора хуб дарк мекарданд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Оқибат Фиръавн ва пайравонашро Аллоҳтаъоло дар дарёи Нил ғарқ карда ҳалок намуд.

Ал – Муътафикот қавми ҳазрати Лут (а)-ро гӯянд. Ин қавм чандин гуноҳу ҷиноятҳо аз қабили роҳзанӣ, хиёнат, даъвати ҳамдигар барои содир кардани гуноҳ ва дигар гуноҳҳоро содир кардаанд. Аммо гуноҳи аз ҳама вазнин ва нангин, ки бори аввал дар таърихи башарият аз онҳо оғоз ёфт ин алоқаи ҷинсии мард бо мард ё ба ибораи дигар гӯем ливотабозӣ (ҳамосексуализм) буд. Аллоҳтаъоло Лут (а)-ро ба онҳо ба сифати пайғамбар фиристод, ки ба роҳи рост даъваташон намуда, аз ин корҳои зишт онҳоро, манъ намояд. Аммо онҳо аз аъмоли ношоистаи худ даст накашиданд. Аз таҳдиди пайғамбар (а), ки ба онҳо мегуфт: “Худо бар сари шумо бало меорад”, парвое надоштанд ва ҳамчунон дар ғафлат боқӣ монданд. Мегуфтанд: “Эй Лут, агар сухани ту рост бошад азоби Худоро биёр”! Лут (а) аз ҳидоят ёфтани онҳо ноумед шуда, ба ибодати Худои худ машғул гардида, дуъо мекард. Муноҷоти ӯ (а) ба даргоҳи Худованд иҷобат шуд. Дар он ҳангом се нафар ҷавонмарди зебо ба хонаи Лут (а) дар сифати шахси меҳмон дар омаданд. Пайғамбари Худо, ки одати қавмашро медонист, хавотир шуд, ки беҳаёие аз онҳо сар назанад. Ба худ андеша мекард, ки кош меҳмонон ҳанӯз қавм хабар наёфта аз хона тезтар берун раванд. Аммо меҳмонон баръакси ҳоли ӯ (а) хотирҷамъ буданд ва нияти рафтан, ҳам надоштанд. Омадани меҳмононро ба ҷуз худи пайғамбар (а) ва завҷааш касе намедонист. Ба расидани шаб қавми осӣ низ расиданд. Лут (а) ба худ гуфт, ки ба онҳо кӣ хабар дода бошад? Дид, ки завҷааш дар ҷойи худ нест. Донист, ки хабаркашӣ кори ӯст. Лут (а) он қавми бадкорро манъ карданӣ шуда, ба онҳо гуфт: “Аз раъйи хеш баргардед, охир барои ин кор занҳо ҳастанд, аз Худо битарсед, меҳмонони маро озор надиҳед, маро назди онҳо шарманда масозед, охир шумо ақл доред ё не?” Онҳо бошанд ба зораву илтиҷои ӯ (а) аҳамияте надода гуфтанд: “Ту худат хуб медонӣ, ки мо ба занҳо он қадар сари хуш надорем ва моил ҳам нестем. Мақсади омадани моро худ хубтар медонӣ, мехоҳем бо ин ҷавонҳо алоқаи ҷинсӣ анҷом диҳем.” Лут (а) худро надомат кард, ки кош меҳмононро дар ҷойи боваринок пинҳон мекардам ва орзу мекард, ки э кош Худо нерӯям медод то ин бадбахтонро аз по мезадам. Ӯ ҳайрон буд, ки барои ҳимояи меҳмононаш чӣ кореро сомон диҳад. Меҳмонон ба ӯ назар карда гуфтанд: “Эй Лут осуда бош, ки мо фариштагони худоем, ба сӯйи ту фиристода шудаем ва ба мо ҳеҷ зараре нахоҳад расид.” Дар ин ҳол якбора дар ба суръат кушода шуд ва он бадбахтон намудор шуданд. Ҳазрати Ҷабраил (а) фаврӣ сӯйи онҳо ишора кард, дарҳол нобино шуданд. Ҳамдигарро задаву кӯфта ва афтону хезон аз хона берун рафтанд. Фариштаҳо ба Лут (а) маслиҳат доданд, ки бегоҳ аҳли оилаи худро ҳамроҳаш гирифта аз шаҳр берун равад ва ҳангоми рафтан ба қафои худ нигоҳ накунанд. Агар касе ба қафо назар андозад мустаҳиққи азоб хоҳад гашт гуфта, таъкид намуданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Субҳи барвақт ҳазрати Ҷабраил (а) қавми Лут (а)-ро ки дар панҷ ва ба ривояте дар ҳафт шаҳр сукунат доштанд бо шаҳрашон рӯйи қаноти худ ба Осмон бароварда, ба поён сарозерашон намуд. Аз ин ки чаппагардон карда шудаанд, онҳоро “муътафикот” гуфтаанд. Ҳамаи онҳо яке намонда ҳалок шуданд. Завҷаи Лут (а) аз боиси хиёнаташ дар он ҳисоб буд. Ҷойи чаппашудаи онҳо ба кӯли об табдил ёфт. Бинобар ҳикояти уламои киром он ҷоро алъон “Баҳри мурда” ном доданд. Ҳар ки амри Худоро ба ҷо наовард сазою ҷазояш ҳамин аст. Ин қисса барои ҳар як соҳибақл дарси ибрат аст.

Ин буд ба таври мухтасар қиссаи Фиръавн ва қавми Лут (а). Барои пайдо кардани маълумоти муфассал ба китобҳои қисаи саҳеҳ муроҷиат шавад.

Мақолаи қаблӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)