Сураи Ҳоққаҳ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ Ояти 9

وَجَآءَ فِرۡعَوۡنُ وَمَنۡ قَبۡلَهٗ وَالۡمُؤۡتَفِكٰتُ بِالۡخَـاطِئَةِ‌ۚ‏ ٩

Ва ҷаа Фиръавну ва ман қаблаҳу ва-л Муътафикату би-л-хатиаҳ. 9.

9. Ва Фиръавн ва ононе, ки пеш аз вай буданд ва чаппакардашудаҳо низ гуноҳ карданд.

Ба тақдири илоҳи Фиръавни ҷабркунанда ба дунё омад ва пеш аз Фиръавн дигар золимон низ омада буданд, ки мисли Фиръавн дар гуноҳ кардану ба расулони Аллоҳ осӣ шудан монандӣ доштанд. Ҳатто бадтар аз онҳо буданд. Онҳо насиҳати расули Аллоҳро нашуниданд. Аллоҳ таоло онҳоро ба азобҳои гуногун гирифтор кард. Фиръавнро ба дарё ғарқ намуд, қавми Лут (а)-ро аз рӯйи феъли хатокардаашон ба азоби махсус гирифтор сохт. Яъне, диёри онҳоро Ҷабраил (а) ба амри Аллоҳтаоло бар ҳаво бардошту сарозер афканд, ҳамаи он қавм ҳалок шуданду дар баробари қудрати Илоҳӣ чизе карда натавонистанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)