Сураи Ҳоққаҳ Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ Ояти 24

كُلُوۡا وَاشۡرَبُوۡا هَنِيۡٓـــًٔا ۢ بِمَاۤ اَسۡلَفۡتُمۡ فِى الۡاَيَّامِ الۡخَـالِيَةِ ٢٤

Кулу вашрабу ҳаниан би ма аслафтум фи-л-аййами-л-халияҳ. 24.

24. Ба онҳо гуфта шавад: «Ба сабаби он чӣ дар рӯзҳои гузашта (амали солеҳро) пеш фиристода будед, гуворо бихӯреду бинӯшед».

Хизматгорони ҷаннат ашхоси ба он мушаррафшударо гарм истиқбол намуда ба онҳо мегӯянд, ки аз ҳар таъоми лазиз ва шарбати гуворое, ки мехоҳед бихӯред ва бинӯшед зеро онҳо аз зарару озору макруҳ барои шумо дур ҳастанд ва онҳоро ба ивази амалҳои солеҳе, ки карда будед, аз қабили намозу рӯзаву хаҷҷу закоту эҳсону хайру садақа ва ғайра Худованд барои шумо арзонӣ фармуд. Яъне шумо дар дунё ба ин корҳои писандида, машғул будед, имрӯз ин подоши писандида яъне ҷаннату неъматҳои он насиби шумо бошанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)