Тафсири Сураи Хокках Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 25
وَاَمَّا مَنۡ اُوۡتِىَ كِتٰبَهٗ بِشِمَالِهٖ فَيَقُوۡلُ يٰلَيۡتَنِىۡ لَمۡ اُوۡتَ كِتٰبِيَهۡۚ ٢٥
Ва амма ман утия китабаҳу би шималиҳӣ фа яқулу йа лайтанӣ лам ута китабияҳ. 25.
25. Ва аммо шахсеро, ки номаи аъмолаш ба дасти чапаш дода шавад, гӯяд: «Эй кош, номаи аъмол ба ман дода намешуд.
Ба дасти чап додани китоб ин аломати бадбахтии ӯст. Бинобар ин чунин шахсро навмедӣ фаро гирифта орзу мекунад, ки э кош китобам ба ман дода намешуд. Зеро ӯ хуб медонад, ки китоби аъмоли вай аз амалҳои бад пур аст ва гирифтани нома ба дасти чап башорат аст аз нори (оташи) ҷаҳаннам, ки барои ӯ зиндони абадист. Ва боз гӯяд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «