Тафсири Сураи Хокках Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 34
وَلَا يَحُضُّ عَلٰى طَعَامِ الۡمِسۡكِيۡنِؕ ٣٤
Ва ла яҳуЗЗу ъала таъами-л-мискӣн. 34.
34. Ва мардумро бар таъом додани мискин тарғиб намекард.
Шахсе, ки ба чунин азобҳо гирифтор мешавад одаташ ин будааст, ки на худаш майли таъом додани мискинонро дошт ва на дигаронро ба ин кор тарғиб мекард. Бо далолати ояти мазкур агар касе ба тарғибу ташвиқи дигарон барои таъом додани мискинон машғул набошад ба ин ваъид гирифтор аст. Агар касе аз моли худ таъом надиҳад, ё фарзу воҷибро адо накунад ҳолаш чӣ мешавад? Аз мазмуни ин оят мартабаю мақоми бечора ва мискин назди Худованди меҳрубон маълум гардид. Ояти мазкур ба соҳибони мол як ҳушдори қатъӣ аст. Агар як сабаби азобашон беимониашон бошад аз тарафи дигар ҳаққи фақиру камбағалро надонистану ба онҳо хайру саховат накардан сабаби дигар шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «