Сураи Ҳоққаҳ Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ Ояти 35

فَلَيۡسَ لَـهُ الۡيَوۡمَ هٰهُنَا حَمِيۡمٌۙ ٣٥

Фа лайса лаҳу-л-явма ҳаҳуна ҳамӣм. 35.

35. Пас, ӯро имрӯз дар он ҷо хешованди наздике нест.

Албатта, дар ин дунё ашхоси дорои чунин сифатҳои разила такя бар мол, ёру дустону ақрабо ва авлоду тарафдоронашон мекунанд. Чунки дар ин дунё аз онҳо кӯмаки дилхоҳ ёфта метавонанд. Аммо дар охират ин хел ёваронро пайдо карда наметавонад, ки ба кумакашон шитобон биёянд, балки ҳама аз ӯ гурезон мешаванд, то аз онҳо чизе напурсад. Чунки онҳо ҳам бо кори худ овораанд. Оё барои чунин шахсони маъишатпараст дар охират ҳам таъоми дилхоҳашон ҳаст? Инро ояти зер эзоҳ медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)