Тафсири Сураи Хокках Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 37
لَّا يَاۡكُلُهٗۤ اِلَّا الۡخٰطِئُوْنَ ٣٧
Ла яъкулуҳу илла-л-хотиун. 37.
37. Ки нахӯранд онро магар гунаҳкорон.
“Хотӣ” касеро гӯянд, ки қасдан, гуноҳ мекунад. “Мухтӣ” он касе аст, ки гуноҳ аз ӯ на қасдан балки ногаҳон сар мезанад. Он чирку зардоби ҷароҳатҳои дӯзахиёнаро ба ҷуз аз гунаҳгорони хатокор каси дигар намехӯрад, чунки онҳо муртакиби ҷурму исёну хатоҳо ҳастанд.
Худованди мутаъол аҳволи суъадо яъне саодатмандон ва ашқиё, яъне бадбахтонро дар оятҳои қаблӣ баён намуд. Дар ояти баъдӣ ба бузургии Қуръон, ки аз ҳузури Худ ба пайғамбари маҳбуби Худ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) нозил кардааст Аллоҳтаъоло қасам ёд кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «