Сураи Ҳуд Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд Ояти 102

وَكَذَٰلِكَ أَخْذُ رَبِّكَ إِذَا أَخَذَ الْقُرَىٰ وَهِيَ ظَالِمَةٌ ۚ إِنَّ أَخْذَهُ أَلِيمٌ شَدِيدٌ ١٠٢

Ва казалика ахзу Раббика иза ахаза-л-қуро ва ҳия золимаҳ. Инна ахзаҳу алӣмун шадӣд. 102.

102. Ва ҳамчунин аст гирифтор кардани Парвардигори ту, чун деҳаҳоро гирифт ва ҳол он ки онҳо ситамгор буданд. Ҳаройина, гирифтани Худованд дардноку сахт аст.

Ояти мазкур ҳамчу ҳушдор барои золимон, ба қиссаи ҳалокшудагон (чун қавми Солеҳ (а), Лут (а) Нӯҳ (а) ва ғайра) ишора карда, гуфтааст, ки чунин аст ҷазодиҳии дардноки Парвардигори ту барои аҳли деҳаҳое, ки бар худ зулм карданд. Вақто ки Худованд қавмеро муҳлат диҳад, аммо онҳо ислоҳ нашуда боз ҳам зулму фасоди худро идома диҳанд, онҳоро чунон сахт ба ҷазо мекашонад, ки дигар чӣ қадар роҳҳои халосии худро ҷӯянд ҳам, илоҷе намеёбанд. Муфассирон гуфтаанд: Ин гуна ҳукми ҷазодиҳӣ махсуси қавмҳои пешин нест. Мардуми ҳозира ҳам гумон накунанд, ки бо вуҷуди зулму фасодкорӣ аз ин гуна ҷазоҳо дар канор мемонанд! На! Дар ҳар шаҳр ё деҳа гуноҳҳои қавми гузашта такрор шавад, бар сари онҳо омадани чунин азобҳо аз имкон дур нест. Дар урфият мегӯянд. Худованд дергиру сахтгир аст. Чуноне ки дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва Муслим бо ривояти Абӯмӯсои Ашъарӣ омадааст, Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Бегумон Худои азза ва ҷалла ба золим муҳлат медиҳад (то шояд ислоҳ шавад), чун ӯро гирифт, дигар раҳо намекунад.” Сипас ояти мазкурро тиловат карданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳуд Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)