Сураи Ҳуд Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд Ояти 103

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِمَنْ خَافَ عَذَابَ الْآخِرَةِ ۚ ذَٰلِكَ يَوْمٌ مَجْمُوعٌ لَهُ النَّاسُ وَذَٰلِكَ يَوْمٌ مَشْهُودٌ ١٠٣

Инна фӣ залика ла аята-л ли ман хофа ъазаба-л-охираҳ. залика явму-м маҷмуъу-л лаҳу-н-насу ва залика явму-м машҳуд. 103.

103. Ҳаройина, дар ин сухан барои касе ки аз азоби рӯзи охират метарсад, нишонае ҳаст. Он рӯз рӯзест, ки дар он мардум ҷамъ карда шаванд ва он рӯз рӯзест, ки ҳама дар вай ҳозир шаванд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят гуфтааст, ки дар ин саргузаштҳои шуму ҳодисаҳои дардноке, ки бар сари қавмҳои золим гузашт, барои касоне, ки аз азоби рӯзи қиёмат метарсанд, панд ва ибрат ҳаст. Онҳо метаваонанд аз чунин ҳодисаҳои ибратнок панд гиранд, роҳи ростро ёбанд ва тасдиқ кунанд, ки албатта, ба рӯзи охират бозгашт ҳаст. Касоне, ки дар ин дунё ба лаънату азоби Худо рӯбарӯ шуданд, албатта, дар он рӯз ба азобу лаънати бузургтар гирифтор мешаванд. Охират рӯзест, ки дар он рӯз беистисно аз Одам (а) то охирин инсон, барои ҳисобу китоб, ҷазо, ё мукофот ҷамъ мешаванд. Он рӯз рӯзест, ки шоҳидҳо чун фариштагон, пайғамбарон, ҷинҳо, ҳайвонҳо паррандагон ва ҳамаи ҷондорон назди Парвардигори олам ҳозир мешаванд. Золимон дар он рӯз хеле афсӯс ва надомат мекунанд, аммо чӣ фоида, ки вақт гузаштааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳуд Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)