Сураи Ҳуд Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд Ояти 108

۞ وَأَمَّا الَّذِينَ سُعِدُوا فَفِي الْجَنَّةِ خَالِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ إِلَّا مَا شَاءَ رَبُّكَ ۖ عَطَاءً غَيْرَ مَجْذُوذٍ ١٠٨

۞ Ва амма-л-лазӣна суъиду фа фи-л Ҷаннати холидӣна фӣҳа ма дамати-с-самавату ва-л арЗу илла ма шаа Раббук. Ъатаан ғайра маҷзуз. 108.

108. Ва аммо ононе ки некбахт шуданд, пас, то муддати бақои осмонҳо ва Замин дар Биҳишт ҷовидон бошанд. Магар он чи Парвардигори ту хоҳад. Ин бахшиши беинтиҳост.

Аммо шахсоне, ки бо сабаби имону амалҳои солеҳ некбахт шудаанд, то осмонҳо ва замини Ҷаннат побарҷост, мутобиқи хости Худо дар Биҳишт ҷовидон боқӣ бимонанд ва ҳаргиз онҳо аз он хориҷ карда намешаванд. Зеро Худо мехоҳад онҳо ҳамеша дар Биҳишт бошанд. Худованд нахостааст ин бахшишаш ба интиҳо расад.

Хулоса, мусалмонони гунаҳкор баъди тамом шудани гуноҳҳояшон аз Дӯзах бароварда, ба сӯи Ҷаннат равона карда мешаванд. Аммо солеҳон ҳеҷ гоҳ аз Ҷаннат бароварда намешаванд. Дар саҳеҳайн омадааст: “Марг дар сурати гусфанди нари шохдори сурхачаранг оварда, сарзада мешавад. Баъд аз он гуфта мешавад, ки ай аҳли Ҷаннат, шумо дар Ҷаннат ҳамеша боқӣ мемонед, дигар барои шумо ҳаргиз марг нест. Эй аҳли Ҷаҳаннам, шумо дар нор (оташ) доимо боқӣ мемонед, барои шумо дигар ҳаргиз марг нест.”

Дигар саҳнаи рӯзи қиёмат чунин тасвир шудааст, ки ба ҷаннатиён гуфта мешавад: “Эй аҳли Ҷаннат, акнун шумо дар Ҷаннат абадӣ мемонед. Барои шумо дигар марг нест, шумо ҳамеша ҷавон мемонед, ҳаргиз шумо пир намешавед. Шумо абадӣ саломат мемонед, ҳаргиз бемор намешавед, дар ин неъматҳо абадӣ боқӣ мемонед.”

Дар ояти зер барои Пайғамбар (с) ва барои он адади каме аз мусулмонон, ки дар марҳалаи аввали даъват ба ӯ (с) имон оварда буданд, тассалӣ ва барои кофирону мушрикон таҳдиду огоҳӣ баён мешавад..


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳуд Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)