Тафсири Сураи Худ Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 109
فَلَا تَكُ فِي مِرْيَةٍ مِمَّا يَعْبُدُ هَٰؤُلَاءِ ۚ مَا يَعْبُدُونَ إِلَّا كَمَا يَعْبُدُ آبَاؤُهُمْ مِنْ قَبْلُ ۚ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمْ نَصِيبَهُمْ غَيْرَ مَنْقُوصٍ ١٠٩
Фа ла таку фӣ миряти-м мим ма яъбуду ҳаулаъ. Ма яъбудуна илла кама яъбуду обауҳум-м мин қабл. Ва инна ла муваффуҳум насӣбаҳум ғайра манқус. 109.
109. Пас, аз он чӣ ин гуруҳ мепарастиданд, дар шубҳа мабош. Намепарастанд, магар чуноне ки падарони онҳо пеш аз ин мепарастиданд ва Мо, албатта, бе нуқсон ҳиссаи онҳоро тамомдиҳандаем.
Мазмуни оят (валлоҳу аълам) хитоб ба пайғамбарамон Муҳаммад (с) буда, чунин фармудааст, ки дар ботил будани он бутҳое ки ба расонидани нафъе ва ё зиён қодир нестанд, шубҳа макун. Мушрикон онҳоро парастанд ҳам, ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки чунин ибодат ботил аст. Онҳо на аз тарафи Парвардигор далели саҳеҳе доранд ва на хиради дурусте доранд, ки онҳоро ба чунин ибодати ботилона водор созад. Тарзи ибодати онҳо маҳз тақлид ба падарони гузаштаашон ҳасту халос. Чуноне, ки ба падарони онҳо бе ягон каму кост насибаи азобашонро додем, инчунин ба ин пайравони бехирад ҳиссае аз азобро, ки баҳра ва насиби онҳост, бе каму кост хоҳем дод. Зеро хатоҳое, ки падаронашон карданд, инҳо низ такрор доранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «