Сураи Ҳуд Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд Ояти 110

وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ فَاخْتُلِفَ فِيهِ ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِنْ رَبِّكَ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ ۚ وَإِنَّهُمْ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ مُرِيبٍ ١١٠

Ва лақад атайна Муса-л-китаба фахтулифа фӣҳ. Ва лав ла калиматун сабақат ми-р-Раббика ла қуЗия байнаҳум. Ва иннаҳум ла фӣ шакки-м минҳу мурӣб. 110.

110. Ҳаройина, ба Мӯсо Китоб дода будем, пас, дар он ихтилоф карданд. Ва агар сухане аз Парвардигори ту собиқан содир шуда набудӣ, ҳаройина, (дар ҳол) миёни онҳо файсала карда мешуд. Ва ҳаройина, онҳо дар шубҳаи қавианду Қуръонро бовар намекунанд.

Тассалии Парвардигор барои Пайғамбар (с) дар ин оят ҳам идома дошта, фармудааст, ки дар ҳақиқат мо ба Мӯсо (а) китоби Тавротро додем, қавми ӯ (а) дар ҳукмҳои ӯ ихтилоф карда, баъзеи аз онҳо дар ҳукмҳои он мункир ҳам шуданд. Агар қавми ту низ дар каломи Аллоҳ будани Қуръон ихтилоф кунанд, ту ҳам нороҳат нашав. Ҳоло ту мебинӣ, ки мухолифони ту таъҷилан, ба ҷазо гирифтор намешаванду ҷазо ба таъхир афтодааст. Дар ин таъхир аз ҷониби Парвардигори ту ҳикмат аст. Агар чунин намебуд, фавран миёни қавми ту дар ҳамин дунё доварӣ мешуд ва масъаларо куллан ҳаллу фасл мекардем. Дар он сурат гурӯҳи ҳақ подоши нек ва ботилпарастон ба ҷазо рӯбарӯ мешуданд. Лекин мувофиқи иродаи Парвардигор ин гуна доварӣ байни онҳо то рӯзи қиёмат, қисман ё куллан, ба таъхир гузошта шудааст. Аммо мушрикон ин ҳақиқатро бовар надоранд. Нисбати он дар гумону шакку шубҳа боқӣ монда, ҳайронанд.

Хулоса, натиҷаи муносибати нодурусти яҳудиҳо бо китобашон чунин аст. Қуръон, ки ваҳйи илоҳист, агар тоифае ба он хилоф кунад, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки мисли яҳудиҳо дар гумону шакки худ боқӣ монда, ба он имон намеоранд. Ҳоло бисёре аз мардум низ дар барпо шудани қиёмат ва ошкор шудани ҳаққу ботил дар шакку шубҳаанд. Бинобар ин, даст ба гуноҳ мезананд. Бо мутолиаи ояти 15 -уми сураи «Исро» ва ояти 129-уми сураи «То-ҳо» мазмуни ояти мазкурро пурратар хоҳед фаҳмид. Ояти зер таъкиди мазмуни ояти қаблӣ буда гуфтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳуд Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)