Тафсири Сураи Худ Ояти 113 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 113
وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ ١١٣
Ва ла таркану ила-л-лазӣна заламу фа тамассакуму-н-нару ва ма лакум мин дуниллаҳи мин авлийаа сумма ла тунсарун. 113.
113. Ва ба сӯйи ононе ки ситам карданд, майл макунед, пас, дар аксиҳол ба шумо оташ бирасад ва мар шуморо ба ҷуз Худо дигар мададгорон нестанд, боз нусрат дода нашавед.
Ояти мазкур вобаста ба ақида аст. Худованд дар он тамоми мусалмонҳоро дар мақоми хитоб қарор дода, гуфтааст, ки ай мусалмонон, ситамгарон (кофирон, мушрикон в. ғ.) маҷмӯаи кирдорҳоро мувофиқи хоҳиши худашон қоидаву қонун, рафтори инсонӣ ва ҷамъятӣ ҳисобида, ба он амал мекунанд. Дар он қоида ва қонунҳо агар аз андозаҳои Илоҳӣ таҷовуз карданд, шумо ҳаргиз ба сӯи онҳо камтарин майл ҳам накунед. Агар қонуни Қуръонро як сӯ гузошта, равиши онҳоро назди мусалмонон ҷилва диҳеду дар корҳои золимонаи онҳо мушорикат карда бо таъзиму такрим онҳоро мадҳу сано гӯед, донед, ки оташи Дӯзах шуморо низ домангир хоҳад шуд. Дар он сурат ба ғайри Худо ёвару мададгоре барои шумо нест ва ҳеҷ кас дар он рӯз ба ёрии шумо намешитобад.
Хулоса, таърих гувоҳ аст, ки ба золимону муфсидон майл кардан нобасомониҳои фаровоне овардааст. Локин олимони муҳтарам гуфтаанд; агар робитаи иқтсодӣ, тиҷоратӣ ё илмӣ ба ғайри мусулмонҳо барои дафъи зиёну ҷалби манфиати мусалмонон шавад, мавриди таҳдиди ояти мазкур қарор намегирад. Аммо касоне, ки имон овардаанд, бояд ба мазмуни ояти зер ҳатман амал кунанд. Худованд дар он фармудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «