Тафсири Сураи Худ Ояти 114 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 114
وَأَقِمِ الصَّلَاةَ طَرَفَيِ النَّهَارِ وَزُلَفًا مِنَ اللَّيْلِ ۚ إِنَّ الْحَسَنَاتِ يُذْهِبْنَ السَّيِّئَاتِ ۚ ذَٰلِكَ ذِكْرَىٰ لِلذَّاكِرِينَ ١١٤
Ва ақими-с-салата тарафайи-н-наҳари ва зулафа-м мина-л лаял. Инна-л-ҳасанати юзҳибна-с-саййиат. залика зикро ли-з-закирӣн. 114.
114. Ва намозро дар ду тарафи рӯз ва қисмате аз шаб барпо кун. Ҳамоно, некӯиҳо бадиҳоро мебаранд, ин барои пандгирандагон панд аст.
Сабаби нузули ояти мазкурро Имом Тирмизӣ аз Абиайсар (р) чунин ривоят кардаанд: “Абиайсар (р) гуфт: «Дар бозор хурмо мефурӯхтам, зане наздам омад ва хурмо харидорӣ кард. Ба ӯ гуфтам: «Дар хонаам аз ин беҳтарашро дорам». Чун ӯ вориди хонаам шуд, ӯро бӯсидам. Ҳамоно пушаймон шуда назди Расулуллоҳ (с) омада, ҳикояро ба онҳо нақл кардам. Расулуллоҳ (с) асабонӣ шуда ба ман гуфт: «Муҷоҳиде, ки дар роҳи Худо (ҷ.ҷ) ба ҷиҳод рафтааст, дар вақти набудани ӯ бо зани ӯ чунин муъомила мекунӣ? Оё пуштибонии муҷоҳид ҳамин аст…?». Баъдан хомуш нишастанд. Лаҳзаҳо гузашт, онгоҳ ояти мазкур нозил шуд. Дар ин оят Худованд фармуд, ки дар ду тарафи рӯз ва дар қисмате аз шаб намозро барпо доред! Назди уламои бузург намози ду тарафи рӯз намози бомдод, пешин, аср ва намози қисмате аз шаб намози шом ва хуфтан аст. Оре! Намоз сутуни дин аст. Бе хондани намоз ягон кор мувофиқи хоҳиши дил ба охир намерасад. Намоз озуқаи рӯҳи инсон аст. Намоз амалест, ки бандаро ба Худо наздик мекунад. Дар ҳолатҳои вазнин ягона намоз аст, ки ба инсон мадад мерасонад. Намоз сарҳадест байни куфру имон. Намоз тоҷи ҳама корҳои писандида аст.
Дар ҷумлаи дувуми ояти мазкур омадааст, ки ҳамоно анҷом додани корҳои хуб гуноҳҳоро ба таври мутлақ аз байн мебарад. Оре! Намоз, ки беҳтарин амал аст, агар Худо қабул кунад гуноҳҳои сағира (майда)-ро чунон нест месозад, ки гӯё асло вуҷуд надоштаанд. Дар охир Худованд гуфтааст, ки ин ҳама амрҳое, ки дар бораи намоз зикр шуд, барои пандгирандагон андарзе буд, то бифаҳманд.
Бо ривояти Абӯбакри Сиддиқ (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтаанд. «Ҳар мусалмоне муртакиби гуноҳе шавад, сипас вузӯъ созад ва ду ракъат намоз бигзорад, гуноҳҳои ӯ омурзида хоҳад шуд».
Дар дигар ҳадис омадааст: «Намозҳои панҷгонга ва аз ҷумъа то ҷумъа ва аз рамазон то рамазон кафорраи гуноҳҳаст». Ба шарти онки аз содир кардани гуноҳҳои кабира даст кашад.
Инчунин Расулуллоҳ (с) дар дигар ҳадисашон фармуданд: «Дар ҳар куҷое, ки ҳастӣ, аз Худо битарс ва кори гуноҳро бо кори савоб думбол кун, онро (гуноҳро савоб) аз байн мебарад ва бо мардум бо хулқи нек рафтор кун». Аммо шарти тавбаи ҳақиқӣ аз гуноҳҳо чаҳор чиз аст.
1. Даст аз гуноҳ кашидан
2. Аз кардаҳо пушаймон шудан
3. Тасмим гирад, ки дар оянда ба сӯи он гуноҳ боз намегардад.
4. Даст ба кору амали савоб занад, то ин ки барои нест кардани ҳар гуноҳ ёрӣ расонад.
Барои мазмуни ояти мазкурро пурратар фаҳмидан ба ояти 78-уми сураи «Исро», ояти 238-уми сураи «Бақара», ояти 7-уми сураи «Анкабут» муроҷиат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «