Тафсири Сураи Худ Ояти 115 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 115
وَاصْبِرْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ ١١٥
Васбир фа инналлоҳа ла юЗӣъу аҷра-л-муҳсинӣн. 115.
115. Ва сабр кун, пас ҳаройина, Аллоҳ, музди некӯкоронро зоеъ намесозад.
Баъди зикри амали инсонсоз, яъне барпо кардани намоз ва баъди зикри амали нек, ки гуноҳҳоро мезудояд, (пок мекунад), Аллоҳтаъоло дар ин оят фармон ба сабр дода гуфт, ки ай Муҳаммад (с), дар баробари корҳои ношояме, ки аз мушрикон рӯ ба рӯ мешавӣ, сабрро пешаи худ соз. Зеро Худованд ҳамроҳи шумост ва Ӯ ҳаргиз савоби шахсони муҳсин (накӯкор)-ро зоеъ намекунад. Бо ибораи дигар: Худованд дар ин оят ба Пайғамбари Худ (с) фармуд, ки дар ҳар коре, ки аз тарафи мо маъмур шудаӣ, чи дар барпо намудани намоз чӣ азияту озорҳо аз тарафи мушрикон ва ҳамчунин дар баробари ҳодисаҳои ногувор, истодагӣ (сабр) кун. Худованд Худаш аҷри некӯкоронро медиҳад.
Барои бисёртар фаҳмидани маънои ояти мазкур, ба ояти 20-уми сураи «Маоъориҷ» ва ояти 12-уми сураи «Нисо» муроҷиат шавад. Оре! Хубиҳо дар олам бисёр аст. Олитарин корҳои хуб дар роҳи ризои Худо ва дар дини ӯ устувор будан аст. Намоз ҳам мартабаи олӣ дорад, балки месазад онро модари ҳама хубиҳо гуфт. Баъди намоз сабр ҳам, чуноне ки дар ояти 45-уми сураи «Бақара» омадааст, дараҷаи баланд дорад. Бинобар ин, бандаи муъмин бояд ҳамеша дар пайи иҷрои амалҳои солеҳ бошад. Зеро ҳеҷ вақт Аллоҳтаъоло подоши амалҳои некро зоеъ намекунад ва мукофоти онро ба соҳибаш бармегардонад. Аз сабабе, ки дар байни қавмҳои гузашта шахсони ислоҳкор кам буд, онҳо ба зулм даст заданд, ва ба таври умум ба азоби Илоҳӣ гирифтор шудаанд. Дар оятҳои баъдӣ ба ин мавзӯъ ишора шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «