Тафсири Сураи Худ Ояти 117 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 117
وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهْلِكَ الْقُرَىٰ بِظُلْمٍ وَأَهْلُهَا مُصْلِحُونَ ١١٧
Ва ма кана Раббука лиюҳлика-л-қуро бизулми-в ва аҳлуҳа муслиҳун. 117.
117. Ва Парвардигори ту ҳаргиз он нест, ки аҳли деҳаеро бо ситам ҳалок кунад ва ҳол он ки мардуми он некӯкор бошанд.
Аллоҳтаъоло дар ин оят одати худро баён карда, ба Пайғамбари Худ (с) гуфтааст, ки Парвардигори ту ҳаргиз шаҳре ё деҳотеро, ки мардуми онҳо ислоҳкор бошанд ва таҳти фармон ва қонуни Илоҳӣ зиндагонӣ кунанд, бо ситам ва офатҳо ҳалок намекунад. Инчунин ҳатто агар аҳли деҳаҳо дар қонуни илоҳӣ дар шак бошанд ё мушрик бошанд, локин бо адлу инсоф бо якдигар рафтор кунанд, Худованд онҳоро на зулм мекунад ва на ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҳалокашон месозад. Ҳамин, ки чун қавми Лут (а) даст ба корҳои ношоям заданд, Худованд бо иродаи Худ онҳоро ё зеру забар мекунад ё бо селоб онҳоро хароб месозад ё ба заминларзаву заминфурӯбарӣ ё бо дигар ҳодисаҳои ғайри чашмдошт ҳалокашон месозад.
Хулоса, агар мардуме бо имон бошанд, ҳамеша дар пайи иҷрои кори савоб кӯшиш кунанд ва ҳама корашон барои ислоҳи ҷомеъа бошад, ҳеҷ дида нашудааст, ки шаҳру деҳоти онҳо хароб шуда бошад. Агар шавад, ин зулм аст, Аллоҳтаъоло мутлақо золим нест. Агар ҷустуҷӯ ва тафтиши дақиқ оид ба сабаби гирифтори офат шудани диёре гузаронида шавад ва сирри он ошкор гардад, мебинӣ, ки айби худи онҳост, ки диёрашон хароб гардидааст.
Дар ҳадиси шариф омадааст: “Ҳангоме ки мардум амали ғайри шариатӣ ва ситамро диданд, вале онро манъ накунанд, наздик аст, ки Худованд ҳамаи онҳоро ба азоби Хеш фаро гирад!” Оятҳои зер таъкиди онро мекунад, ки масъалаи ҳидоят ва залолат ҳар гуна аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «