Тафсири Сураи Худ Ояти 116 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 116
فَلَوْلَا كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِنْ قَبْلِكُمْ أُولُو بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِي الْأَرْضِ إِلَّا قَلِيلًا مِمَّنْ أَنْجَيْنَا مِنْهُمْ ۗ وَاتَّبَعَ الَّذِينَ ظَلَمُوا مَا أُتْرِفُوا فِيهِ وَكَانُوا مُجْرِمِينَ ١١٦
Фа лав ла кана мина-л-қуруни мин қабликум улу бақийяти-я янҳавна ъани-л-фасади фи-л-арЗи илла қалӣла-м мим ман анҷайна минҳум. Ва-т-табаъа-л-лазӣна заламу ма утрифу фӣҳи ва кану муҷримӣн. 116.
116. Пас, чаро аз аҳли қарнҳое, ки пеш аз шумо буданд, соҳибони ақлу дониш нашуданд, то мардумро аз фасоди дар рӯи Замин манъ мекарданд? Локин андаке аз онҳо буданд, ки онҳоро наҷот додем. Ва касоне ки ситамгор буданд, пайравии чизеро карданд, ки бо он осудагӣ дода шуданд ва гунаҳкор буданд.
Дар ояти мазкур тарғиб мешавад, ки уммати Муҳаммад (с) бояд амр ба маъруф (даъват ба иҷрои амрҳои Худо) ва наҳй аз мункар (даъват ба бозистодан аз амалҳои бад)-ро зиёд кунанд. Зеро қавмҳои гузашта барои он ҳалок шуданд, ки оммаи мардум даст ба айшу ишрату ҷинояткорӣ заданд. Дар байни онҳо шахсони бузурге, ки дар онҳо осори андеша ва хирад дида мешуд, зиёд набуданд, то онҳоро насиҳат гӯянд аз фасод дар рӯйи замин ҷилавгирӣ кунанд. Магар ададе чанд садои худро барои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар баланд мекарданд, ки ин барои онҳо нокифоя буд. Аммо ҳеҷ кас ба онҳо, чуноне ки мегӯянд он ҷо ки нақора навозанд овози тӯти ба ҳеҷ ҷо намерасад, гӯш фаро намедоданд. Дар натиҷа, мардум ба золимон, ки аксариятро ташкил медоданд, пайрав шуда, дар рӯйхати гунаҳкорони даргоҳи илоҳӣ номнавис шуданд. Чун балои Илоҳӣ болои сари онҳо омад, ба ғайри иддаи насиҳатгӯ ва соҳибони ақлу хирад, дигар ҳама ҳалок шуданд. Ба ибораҳои содда шарҳи маънои ояти мазкур чунин аст: Дар замонҳои гузашта мардумоне вуҷуд дошт, ки дар рӯйи замин даст ба фасодкорӣ мезаданд. Дар байни онҳо аҳли андеша ва хирадманду диндор бисёр набуданд, то онҳоро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Онҳо ба камии адади худ нигоҳ накарда, муддате чанд мардумро, то ин ки ба азоби умумӣ гирифтор нашаванд, ба даст кашидан аз фасодкорӣ дар рӯйи замин даъват карданд. Локин онҳое, ки аксарияти қавм буданд, зидди пайғамбарон, шахсони насиҳатгӯй ва хайрхоҳ баромада, аз ҳад таҷовуз карда, ба маишат ва гунаҳкорию дунёпарастӣ дода шуданд. Чун вақти ҳалокашон даррасид, ба ғайр аз шахсони насиҳатгӯй, дигар ҳама тӯъмаи балоҳо гардидаанд.
Барои чӣ баъзе шаҳру деҳот бо гирифтор шудан ба ҳодисаҳои табиӣ валангор мешаванд? Ба ин савол ояти зер посух медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «