Сураи Юнус Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 109

وَاتَّبِعْ مَا يُوحَىٰ إِلَيْكَ وَاصْبِرْ حَتَّىٰ يَحْكُمَ اللَّهُ ۚ وَهُوَ خَيْرُ الْحَاكِمِينَ ١٠٩

Ва-т-табиъ ма йуҳа илайка васбир ҳатта яҳкумаллоҳ. Ва Ҳува Хайру-л-ҳакимӣн. 109.

109. Ва чизеро пайравӣ кун, ки ба ту ваҳй карда мешавад ва сабр кун, то ин ки Худо ҳукм кунад ва Ӯ беҳтарин ҳукмкунандагон аст!

Ояти мазкур, вазифаи Пайғамбар (с)-ро дар ду ҷумла таъин карда, дар нахустин ҷумла гуфтааст, ки ай Пайғамбари Мо (с), танҳо бояд аз ин амру наҳие, ки аз тарафи Аллоҳтаъоло барои ту ваҳй мешавад, пайравӣ намоӣ ва онҳоро иҷро кунӣ! Ин амрро бо тариқи ваҳй Аллоҳтаъоло бароят муайян кардааст. Ҳоло ҳеҷ ҷойиз нест, ки аз қонуни илоҳӣ миқдори мӯе берун равӣ. Дигар ин ки дар ин роҳ, ки роҳи таблиғ аст, дар баробари он ранҷу озору мушаққатҳо ва дуруштии мушрикон ва касони каҷрав ту бояд тарсу ҳаросро ба худ роҳ надиҳӣ. Ва то ин ки Худованд байни ту ва онҳо ҳукм накунад, сабру пойдориро пешкаши худ созӣ. Он ҳукм дар дунё пирӯзии туст ва дар охират гирифторшавии онҳо ба оташи Ҷаҳаннам. Зеро Аллоҳтаъоллоҳ беҳтарини ҳукмкунандагон буда, фармонаш ҳақ аст. Ҳеҷ шаке нест, ки ҳукмаш одилона ва ваъдааш хилофнопазиру ҳатман иҷрошуданист. Сазовор нест, ки дар фаро расидани ин доварӣ шитобкор бошӣ.

Поёни сураи «Юнус» ва лиллоҳил ҳамду вал миннаҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд – Тафсири Осонбаён (Қуръон)