Тафсири Сураи Хучурот Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуҷурот Ояти 2
يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَا تَرۡفَعُوۡۤا اَصۡوَاتَكُمۡ فَوۡقَ صَوۡتِ النَّبِىِّ وَلَا تَجۡهَرُوۡا لَهٗ بِالۡقَوۡلِ كَجَهۡرِ بَعۡضِكُمۡ لِبَعۡضٍ اَنۡ تَحۡبَطَ اَعۡمَالُكُمۡ وَاَنۡـتُمۡ لَا تَشۡعُرُوۡنَ ٢
Йа айюҳа-л-лазӣна аману ла тарфаъу асватакум фавқа савти-н-набиййи ва ла таҷҳару лаҳу би-л-қавли ка ҷаҳри баъЗикум ли баъЗин ан таҳбата аъмалукум ва антум ла ташъурун. 2.
2. Эй ононе ки имон овардаед, овозҳои худро болои овози Пайғамбар баланд макунед ва бо ӯ монанди баланд гуфтани баъзеи шумо ба баъзеатон сухани баланд магӯед, то ки амалҳои шумо ҳабата нашавад ва ҳол он ки шумо хабардор набошед.
Сабаби нузули ин оятро баъзе аз муфассирон чунин ривоят кардаанд: «Якчанд нафар аз қабилаи бани Тамим ба мулоқоти ҳазрати Расулуллоҳ (с) омаданд. Дар он вақт ҳазрат (с) дар дохили ҳуҷраи худ буданд. Онҳо аз рӯйи ноогоҳӣ (ва дар он асно чандон дараҷаи қадру қимат ва ҳурмати пайғамбари Худоро намедонистанд) чанд дафъа бо овози баланд беодобона Расулуллоҳ (с)-ро бо номи муборакашон нидо карданд. Ин оят барои таълими онҳо ва шахсони монанди онҳо нозил шуд, ки дар он фармудааст, эй онҳое, ки ба Худову Расули Ӯ (с) имон овардаед, чун назди фиристодаи Худо (с) сухан кунед, овози худро баланд макунед, чуноне ки баъзеи шумо ба ҳамдигар дод мезанед. Ҳамчунин Расулуллоҳ (с)-ро бо исмаш ва куняташ хитоб макунед. Масалан, магӯед «ё Муҳаммад» ва ё «ай ибни Абдуллоҳ»! Барои он, ки одоб риоя шавад ва таъзиму ҳурмати ҳабиби Аллоҳ ба ҷо биёяд, бояд бигӯед: «Ё Набияллоҳ, ё Расулаллоҳ». Агар шумо ҳурмати ин бандаи Худоро, ки пайғамбари шумост, ба ҷо намеоред, тамоми амалҳои неки шумо аз сӯйи Аллоҳе, ки ин набиро ба сӯйи шумо фиристодааст, бекор карда мешавад, аммо шумо хабардор намешавед. Агар шумо дар суҳбати Расулуллоҳ (с) аз нодонӣ овози худро баланд созед, метавонед «астағфируллоҳ» гӯед, вале агар аз рӯйи беодобӣ ва беҳурматӣ бошад, дар ин сурат амалҳои неки шумо ботил гашта, оқибати ин рафторатон ба куфр меанҷомад.
Ривоят шуда, ки Собит ибни Қайс табиъатан яке аз баландовозҳо буд, чун ин оят нозил шуд, ӯ гуфт: «Ман назди Расулуллоҳ (с) яке аз баландовозҳо будам. Акнун ба мазмуни ин оят маълум шуд, ки аз аҳли норам ва амалҳои ман ботиланд». Ӯ бо чунин гумону шубҳаҳо бисёр ғамгину ошуфтахотир гашта, дохили хонааш нишаст ва дигар ба кӯча берун наомад. Пас, аз муддате Расулуллоҳ (с) ӯро ҷӯё шуд. Баъзе аз саҳобагон назди ӯ рафта ба ӯ гуфтанд: «Расулуллоҳ (с) туро ҷустуҷӯ дорад, чӣ шуд, ки ба наздаш намеравӣ?» Ӯ гуфт: «Ман табиъатан як шахси баландовоз ҳастам ва овозамро бар овози ҳабиби Худо (с) баланд кардам, амалҳои ман ҳама зоеъ шуд ва худ аз аҳли нор гаштам». Саҳобагон ба Он ҳазрат (с) ин ҳодисаро расониданд. Расули Худо (с) гуфт: «На, балки ӯ аз аҳли Ҷаннат аст». Аз шунидани ин суханон ӯ гуфт: «Ман ба чунин муждаҳо хурсандам, баъд аз ин дигар овозамро бар овози Расулуллоҳ (с) баланд намесозам». Бо ин мужда ӯ ғаму андӯҳро аз худ дур сохт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуҷурот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «