Тафсири Сураи Хучурот Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуҷурот Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَا تُقَدِّمُوۡا بَيۡنَ يَدَىِ اللّٰهِ وَرَسُوۡلِهٖ وَ اتَّقُوا اللّٰهَؕ اِنَّ اللّٰهَ سَمِيۡعٌ عَلِيۡمٌ ١
Йа айюҳа-л-лазӣна аману ла туқаддиму байна ядайиллаҳи ва расулиҳӣ ва-т-тақуллоҳ. Инналлоҳа Самӣъун Ъалӣм. 1.
1. Эй ононе ки имон овардаед, рӯбарӯйи Аллоҳ ва Расули Ӯ (дар коре) пешдастӣ макунед, аз Аллоҳ битарсед, албатта, Аллоҳ шунавандаву доност.
Аллоҳ таъоло дар ин оят нидо кардааст, ки ай онҳое, ки муъмин ҳастед, дар назди Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ дар ҳеҷ коре пешдастӣ макунед. Масалан, шумо дар суҳбати Расулуллоҳ (с) қарор доред ва кадом масъалае ҷавоб мехоҳад дар ҷавоб додан шумо аз фиристодаи Худо пеш магузаред. Ҳамчунин дар роҳ рафтан аз он Зоти пок (салавот бар ӯ) пеш маравед ва дар таъом хӯрдан ҳам, қабл аз ӯ ибтидо макунед, пойбанди ишорати ӯ бошед.
Дар тафсири Байзовӣ чунин омадааст: «Шумо ҳеҷ кореро пеш аз ҳукми Аллоҳ ва Расули Ӯ сомон надиҳед. Аз Аллоҳ ва аз он чӣ ба шумо амр кардааст, битарсед. Амри Ӯро амр ва наҳйи Ӯро наҳй дониста, иҷро кунед. Зеро Ӯ таъоло суханҳои шуморо шунаванда ва нияту аҳволи шуморо донанда аст».
Аллоҳ таъоло ба ояти зер риояи одобро ҳангоми суҳбат бо ҳабиби Худ таъкид месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуҷурот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «