Тафсири Сураи Иброхим Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
الر ۚ كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ إِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِ رَبِّهِمْ إِلَىٰ صِرَاطِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ ١
Алиф. Лам. Ро. Китабун анзалнаҳу илайка ли тухриҷа-н-наса мина-з-зулумати ила-н-нури би изни Раббиҳим ила сироти-л-Ъазӣзи-л-ҳамӣд. 1.
1. Алиф, Лом, Ро. (Ин) Қуръон китобе аст, ки онро ба сӯйи ту фуруд фиристодем, то мардумро ба ҳукми Парвардигори онҳо аз торикиҳо(-и ҷаҳолат) ба сӯйи равшанӣ, ба сӯйи роҳи Худои ғолибу сутуда берун орӣ,
Ояти мазкур бо ҳарфҳои аз ҳам ҷудо оғоз шуда, ишора кардааст, ки Қуръон муъҷиза аст. Калимаву ҷумла ва оятҳои он аз чунин ҳарфҳои ба шумо шинос банду баст шудааст. Агар ба муъҷиза будани он бовар надошта бошед, оё метавонед китоберо таълиф кунед, ки дар фасоҳату балоғат мисли Қуръон бошад? Ҳаргиз наметавонед! Зеро Худованд гуфтааст, ки эй Муҳаммад (с), Мо ин китобро ба сӯи ту нозил кардаем. Ин китоб эҷоду иншои ту, ё каси дигар нест. Ин ваҳю эъҷози мост ба сӯи ту, то ин ки аз торикиҳои куфру шаҳват, ширку шакк, ҷаҳлу гумроҳӣ мардумро бо амру тавфиқи Парвардигор ба сӯи нури илму имон берун барорӣ ва онҳоро ба сӯи роҳи фармудаи Худованди азизу ғолибу сутуда ҳидоят кунӣ!
Хулоса, касоне, ки тобеи Пайғамбар (с) бошанд ва мувофиқи гуфтаҳои Қуръон амал кунанд, аз торикиҳои ҷаҳлу гумроҳӣ ба роҳи Худованди азизу ҳамид ҳидоят шудаанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «