Сураи Иброҳим – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим дар Макка нозил шуда, дорои 52 оят аст.

Сураи мазкур бо тариқаи ба худ хос, мисли дигар сураҳои дар Макка нозилшуда, атрофи масъалаҳои ақидавӣ, аз он ҷумла, имон ба Аллоҳ ва Расули Ӯ, ваҳйи илоҳӣ, тавҳид, зинда шудан баъд аз миронидан ҳисобу китоб, ҷазою мукофот баҳс мекунад.

Барои он ин сура номи «Иброҳим»-ро гирифт, ки дар ин сура қиссаи қаҳрамонии «Иброҳим (а)» мегузарад. Меҳвари асосии ин сура аз даъвати пайғамбарон, ба хусус аз даъвати Расулуллоҳ (с) ба сӯи тавҳид иборат мебошад.

Дар ин сура аз умматҳои гузашта, ки пайғамбаронашонро тасдиқ надоштанд, мисли қавми Нӯҳ (а), Мӯсо (а), Од ва Самуд мисолҳо меояд. Худованд аз кору кирдори бандагони Худ ғофил нест. Вақте меояд, ки барои онҳо ҳисобу китоб сурат мегирад. Золимоне, ки ба сухани Пайғамбар (с) гӯш накарданд, тобеи ӯ (с) нашуданд, баъдан афсӯс мехӯранд, лекин ҳеҷ фоидае барои онҳо нест.

Ҷазои амалҳои бад низ баён шудааст. Бори дигар дар охир, чун оятҳои аввал таъкид мешавад, ки ваҳйе, ки ба Пайғамбар (с) меояд, ҳақ аст. Ин буд мухтасаран назаре ба мундариҷаи сураи Иброҳим (а).


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Раъд Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)