Сураи Иброҳим Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 2

اللَّهِ الَّذِي لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ وَوَيْلٌ لِلْكَافِرِينَ مِنْ عَذَابٍ شَدِيدٍ ٢

Аллоҳи-л-лазӣ лаҳу ма фи-с-самавати ва ма фи-л-арЗ. Ва вайлу-л лил кафирӣна мин ъазабин шадӣд. 2.

2. (ба сӯйи роҳи) Худое, ки Ӯрост он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар Замин аст ва вайл (вой) бод барои кофирон аз азоби сахт.

Он роҳи нуроние, ки Пайғамбар (с) мардумро ба он роҳ ҳидоят мекунад, роҳи Худовандест, ки ҳамаи он чӣ дар осмонҳо ва ҳар он чӣ дар замин аст, аз они Ӯ ва дар ихтиёри Ӯст. Ӯ таъоло Зотест, ки ба ҳеҷ кас муҳтоҷ нест, ҳама махлуқот ҳоҷати худро аз Ӯ мепурсанд. Чаро ҳама чиз аз они Ӯст? Зеро ҳама чиз офаридаи Ӯст. Ба ҳамин далел Ӯ таъоло қодиру азиз (ғолиб) ва бахшанда аст ва барои неъматҳое, ки ба бандагон арзонӣ доштааст, ҳамид (шукргуфташуда) аст.

Хулоса, касоне, ки дар роҳи ризоии Худо роҳ мераванд, некбахтии дунё ва охират аз они онҳост. Касоне, ки дар роҳи нишондодаи Худованд нестанд, онҳо кофиранд. Вой (азобу ҳалок) бар касоне, ки ба василаи раҳнамоии Расулуллоҳ (с) аз торикиҳои куфру ширк ба сӯи нури ҳидоят намераванд, рӯзи қиёмат азоби сахт барои онҳо муқаррар шудааст.

Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)